Қурбонии садама: ӯ ҳатто 1 сол надошт…

Дар як садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Данғара” як кӯдаки ҳанӯз 1-сола нашуда вафот кард.

Сабзаев Миралӣ Нуралиевич, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Данғара ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира” ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Данғара, дар чорроҳаи шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Данғара” ва шаҳри Бохтар аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, ки таҳти идораи Сафаров Меҳроб Одинаҳмадович, соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Фархор, ки аз тарафи шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб ҳаракат мекард, бархурдааст.

Дар ин бора ВКД имрӯз хабар дод ва ин ҳодиса рӯзи 26-уми майи соли 2021, тахминан соати 21:00, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лолазор рух додааст.

Дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Назаров Мубориз Некбахтович, соли таваллудаш 2021, сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Фархор ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири автомашинаи мазкур Мирзоева Ниқошгул Зариповна, соли таваллудаш 1961, сокини ноҳияи Фархор ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *