Ҳалокати ҷавони 21 солаи тоҷик дар пайи сӯхтор дар Қазоқистон

Дар паи таркиши баллони газ дар Уралски Қазоқистон як шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва ду нафари дигар сахт ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора сомонаи «Мой город» хабар медиҳад.

Ба иттилоъи манбаъ баъд аз таркиши балони газ сӯхтор сар зада қисми зиёди ҳуҷраи шаҳрвандоӣ Тоҷикистонро сӯзонидааст. Дар натиҷаи оташ гирифтани хона се шарванди Тоҷикистон — яке 21-сола, дуюмӣ 17 ва дигаре 21 сола зарар дидаанд. Ҷавони 21 сола сӯхта ба ҳалокат расида, ду нафари дигар то 40% сӯхта, ба бемористон интиқол ёфтаанд.

Гуфта мешавад, ки шаҳрвандӣ 21 солаи Тоҷикистон, ки 100%-и баданаш сӯхта буд дар бемористон субҳи имрӯз ба ҳалокат расид ва ду тоҷикистонии дигар дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки таркиши балони газ 29 январ дар як хонаи хусусӣ дар кӯчаи Бекимов дар Зачаганск рух додааст. Тавре сардори Раёсати оташнишонӣ Ерлан Туределдиев ба хабарнигорон иттилоъ додааст:

«Дар паи гарм шудани баллони газ таркиш ба амал омад. Дар натиҷа девор ва сақфи сохтмон, ҳудуди 80 метри квадратӣ сӯхтааст. Сӯхтор, соати 18.39 бо вақти маҳаллӣ аз ҷониби оташнишонон хомӯш карда шудааст».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *