Ҳоҷӣ Неъмат “Боғдори сол-2019” эълон шуд (Видео)

Дар мақомоти шаҳри Турсунзода бо иштироки фаъолонон ба ангурпарвари шинохта Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов дипломи “Боғдори сол” тақдим карда шуд.

Дипломи “Боғдори сол-2019”-ро сардабири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шариф Ҳамдампур ба Ҳоҷӣ Неъмат супорид. Тавре ки хонандагон иттилоъ доранд, дар як пурсиши ҳафтаномаи «Тоҷикистон», ки намояндагони тамоми қишри ҷомеаро фаро мегирифт, аксарият Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов, ангурпарвари шинохтаи шаҳри Турсунзодаро боғдори сол дар соли 2019 ном гирифтанд.

Ҳоло ангурбоғи Ҳоҷӣ Неъмат, ки хоҷагии «Ватан» ном дорад, беш аз 105 гектарро ташкил медиҳад. Ҳоҷӣ Неъмат ҳамчун таҷрибадори соҳа барои шинонидани ниҳол, нигоҳубин ва парвариши ток ба чандин шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар карда, маслиҳатҳои муфид додааст. Хоҷагии деҳқонии Ҳоҷӣ Неъмат соли 2011 ташкил шуда, ба комёбиҳои бузург ноил шудааст.

Борҳо меҳмонони сатҳи давлатӣ, аз ҷумла Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Беларус Александр Лукашенко ва дигар сиёсатмадорони варзида аз боғи Ҳоҷӣ Неъмат дидан карда, аз ангурҳои шаҳдбори парваридаи ӯ чашидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *