Ҳабиб аз ӯ метарсад Чаро Тониро Эл Кукуй мегӯянд?

Дар вазни сабуки муҳорибаҳои омехта мисли Тони Фергюсон рақиби хавфнок нест. Ӯ дар огтогон ҳарифонашро сахт латукӯб карда, ҳатто маъюб ҳам кардааст. Маҳз техникаи беназири ҷангӣ ва анҷоми усулҳои ғайриодӣ дар ҳашткунҷа ӯро машҳуртарин размовари давр гардонидааст. Имрӯз аксари рақибони Тони бо ҳар баҳона аз рақобат бо ӯ мегурезанд, ҳатто машҳуртаринҳои ММА Ҳабиб ва Конор.

Тони кист?

Энтони Арманд Фергюсон 12 феврали соли 1984 дар Окснарди Калифорния таваллуд шудааст. Вай падари худро дар ёд надорад.  Пас аз таваллуди Тони модараш Марям бо марди дигар хонадор шуд ва номи Тониро падарандараш ба ӯ гузошт.

Вақте ки варзишгари оянда дар синну соли мактабӣ қарор дошт оилааш аз Калифорния ба Мичиган кӯчид.  Дар он ҷо падарандараш соҳиби корхонаву майхона буд.  Тони дар аввал бачаи шармгину дамдузд буд ва бо одамон робита карданро дӯст намедошт.  Аз ин рӯ, падарандараш Арман барвақт ӯро ба варзиш пайванд дод. Пас аз дохил шудан ба мактаби варзишӣ вай Тониро ба бахши бокс бурд ва баъдтар ӯро ташвиқ кард, ки ба баскетбол ва регби низ шуғл варзад. 

Пас аз як муборизи касбӣ шудан варзишгар дар як мусоҳибааш ба падарандари худ барои раҳнамоӣ кардани роҳи рост изҳори миннатдорӣ карда, худро якумр дар нази падарандараш қарздор донист.

Таҳсил дар донишгоҳи бонуфуз

Дар мактаби миёна Тони ба комёбиҳои зиёди варзишӣ ноил гардид, ки ин ба ӯ кумак кард то ба “Донишгоҳи марказии Мичиган”, ки  — муассисаи таълимии бонуфузи иёлот дониста мешуд, дохил шавад.

Тони факултетеро дар донишгоҳ интихоб кард, ки мутахассисони соҳаи нафту газ тайёр мекард, аммо пас аз 3,5 соли таҳсил кардан бо сабаби марги нобаҳангоми модараш донишгоҳро тарк намуд. Марги нобаҳангоми модараш ӯро сахт парешон кард ва рӯҳияашро дар зиндагӣ шикаст. Тавре худи варзишгар дар як мурофиаи судиаш қайд намудааст:  “Марги модар бароям сахт гарон афтод, ки то ҳол ба худ омада наметавонам”

Дастгирии марди ношинос

Фергюсон баъди тарки донишгоҳ ба Мачигон ба хона баргашт, ба падарандараш дар корҳои майхона кумак мекунад. Боре дар байни муштариёни майхонаи Тони занозанӣ мешавад ва ӯ барои хомӯш кардани низои муштариён маҷбур мешавад чанде онҳоро лат кунад. Занозании Тониро бо муштариён марде, ки дар як кунҷи майхона менишаст, мушоҳида мекард. Баъд аз ҷангу ҷанҷол марди ношинос ӯро наздаш хонда, барои дар ММА қувваташро санҷидан маслиҳат медиҳад. Тони дурудароз фикр накарда, тасмим гирифт, ки зӯри бозуи  худро дар ин риштаи душвори варзиш бисанҷад.

Тарки шаробфурӯшӣ

Сарфи назар аз ҳолати хуби варзишӣ дар аввал машқ барои Фергюсон бо душворӣ оғоз гардид.  Дарди мушакҳо, асабоният, рӯҳафтодагӣ дунболашро раҳо намекард.  Аммо ин ситораи оянда ҳамаро паси сар намуда, ҳалқаи муваффақиятро раҳо карданӣ набуд. Баъд аз ду моҳи тамрин ӯ аллакай ба варзиш одат кард ва кори шаробфурӯширо ба таври ҳамешагӣ раҳо кард.

Соли 2008 Энтони иҷозатномаи рақобат дар ММА-ро гирифта 12-уми апрели  ҳамон сол аввалин маротиба вориди ҳашткунҷа гардид. Аввалин рақиби Тони дар нахустин дидор варзишгари амрикоӣ Стив Авэлос ба ҳисоб мерафт. Тонии бомаҳорат аз оғози мусобиқа ташаббус нишон дода, рақибашро дар пайти аввал мағлуб намуд. Ин ғалаба нахустин ғалаба дар карераи варзишии Тони буда, барояш бурди таърихӣ маҳсуб меёбад.

Ҳамин тавр роҳи Тони ба мусобиқаҳои оянда боз гардида, то соли 2011 дувоздаҳ маротиба ба майдон баромада, дар 10 дидор ғалаба ба даст овардааст.

UFC

Соли 2011 барои Тони бешаку шубҳа соли бузургу фаромӯшношуданист, зеро ӯ дар ин сол ба ширкати бонуфузи UFC, ки мусобиқаҳои бидуни қоидаро ба роҳ мемонад, шартнома баст.

Тони 4-уми июли соли 2011 бо Рэмси Ниҷам дар мусобиқаи UFC вориди огтогон гардида,  ӯро дар даври аввал бо накаути техникӣ шикаст дод. Баъди нахустин ғолибияташ дар UFC Фергюсон ба зудӣ узви “The Ultimate Fighter” шоу шуд ва таҳти роҳбарии Брок Леснар ба тамрин оғоз кард.

Намоишҳои шоуменӣ ба ӯ кумак кард, ки маҳорату малакаашро комилан ба мардум нишон диҳад. Дар мусобиқаҳои UFC  Тони рақибонашро сахт латукӯб намуда, хуншор мекард ва ба ҳамин хотир мухлисонаш ба ӯ лақаби “Эл Кукуй”-ро доданд. Эл Кукуй номи як ҳаюлои пурасрорест, ки кӯдаконро дар кишварҳои Амрикои Лотинӣ метарсонад.

Тони  дар фаъолияти варзишии худ беҳтарин размандагони UFC аз қабили Эдсон Барбоза ва Антони Петтисро мағлуб намудааст. Ӯ дар тамоми фаъолияташ орзу мекунад то бо чемпиони кунунии UFC Ҳабиб Нурмагомедов ва Конор МакГрегор рақобат намояд, аммо ҳар дафъа онҳо бо ҳар баҳона аз рақобат бо Тони канораҷӯӣ мекунанд. Рақобати Тони ва Ҳабиб қарор буд 18-уми апрел дар мусобиқаи  UFC-249 баргузор мегардид, вале варзишгари доғистонӣ бо баҳонаи каронавирус бори 5-ум рақобат бо Тониро рад кард ва рақиби ӯ дар ин мусобиқа варзишгари амрикоӣ Дастин Геджи интихоб гардид.

Ҳаёти шахсӣ

Варзишгар соли 2012 бо дӯстдухтари даврони дониҷӯияш Кристин оиладор шуда, баъди чор соли зиндагияшон соҳиби як писар гардиданд. Эл Кукуй нахусфарзандашро ба хотири поси хотироти падарандараш Арманд ном гузошт. Ҳоло ин оила дар шаҳри Лос Сантоси Калифорния дар зодгоҳи варзишгар зиндагӣ мекунад.  Фергюсон, сарфи назар аз низоми таълими пуршиддат, вақти бештарро ба ҳаёти шахсии худ сарф мекунад.

Илова ба варзиш, Энтони боз як маҳфили дигари  намоиши мошинҳои қадимаро дорад. Яъне, ӯро дар баробари варзишгари муваффақ буданаш, инчунин, коликсеонер низ гуфтан мумкин аст.

Яҳё МАҲМАДНАБИЕВ,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *