Ҳафт голи беҷавоби Ветнам яккачини занонаи Тоҷикистонро аз чемпионати Осиё маҳрум гардонид

Мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар аз идомаи рақобатҳо дар Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 маҳрум шуд

Яккачини занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо ҳисоби бузург аз бонувони ветнамӣ шикаст хӯрд.

Бозии даври ниҳоӣ ва ҳалкунандаи Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо Ветнам шоми 29 сентябр доир гашта бо ҳисоби 0:7 ба фоидаи меҳмонон хотима ёфт.

Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гашт.

Ҳамин тариқ бо бохти бузург, дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон аз идомаи мусобиқа дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё маҳрум гардид.

Тими Ветнам бо ин пирӯзӣ ба финали Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 роҳхат ёфт, ки дар он ҷой бо дастаи мунтахаби занонаи Индонезия рақобат мекунад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи «В» бар дастаи мунтахаби занонаи Малдив бо ҳисоби калони 4:0 ғалаба карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *