Ҳалокати 2 ҷавон зеро чархи Лексус

Рӯзи 30-юми марти соли 2020, тахминан соати 09:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус-РХ-350” ду ҷавонро зер намуда ба ҳалокат мерасонад. Дар ин бора дафтари матбуоти ВКД хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ ронандаи “Лексус” Одинаев Боймаҳмад, соли таваллудаш 1949, сокини деҳаи Гулободи шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи автомобилгарди “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ”, дар рӯ ба рӯи бозори “Автостансия”-и шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи ронанда, Раҳимзода Довудшоҳ Боймаҳмад, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Ҳисор, ки дар канори роҳ меистод, бархӯрдааст. 

Баъдан воситаи нақлиётро ба қафо ҳай карда, пиёдагардон: Ғафуров Диловар Ғиёсиддинович, соли таваллудаш 1991, Холмуродова Файзимо Буриевна, соли таваллудаш 1983 ва Комилова Хиробон Нуруллоевна, соли таваллудаш 1973, сокинони ҷамоати деҳоти К.Исмоилови шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Пиёдагардон: Холмуродова Ф.Б. ва Комилова Х.Н. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ғафуров Д.Ғ. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *