Ҳалокати ду наврас ҳангоми «селфи» гирифтан

Дар шаҳри Алма-Атаи Қазоқистон ду навраси 15 ва 16-сола ҳангоми «селфи» гирифтан  аз баланди афтида ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Раёсати минтақавии ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон.

Бино ба иттилои манбаъ ҳодиса шоми 20 август дар деҳаи Бесколи ноҳияи Алакол рух додааст.

Ба гуфтаи наҷотдиҳандагон, наврасон мехостанд, дар як бинои алоҳидаи партофташуда, як километр дуртар аз деҳа акс мегирифтан, аммо девори бетоние, ки наврасон қарор доштанд кайҳо фарсуда шуда буд ва ҳангоми аксгири ногаҳон фуру рафта боиси ҳолокати ду нафар мегардад

Дар ҷои ҳодиса як навраси дигар, ки соли таваллудаш 2004 буд, ҳузур дошт. Ин наврас ҳангоми фуру равии девор осеби ҷидди дида дар беморхонаи Ушарал бо пои шикаста, бистарӣ гардидааст.


Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *