Ҳалокати ноболиғи 17 сола аз дасти ҳамсол ва бо корд захми намудани ҷавони 20 сола аз ҷониби ҷавонзани 19 сола

Шаби 26 май, тахминан соати 00:17 дар ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ як ноболиғи 17-сола ҳамсоли худро бо се зарбаи корд захми намуд, ки бо иси ҳалокати дувуми гардид.

Дар ин росто ВКД хабар медиҳад, ки ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳри Ғафуров шаби 19 май, соати тахминан 23:30 ба қафаси синаи ҳамзисти худ – ҷавони 20-сола аз Исфара – як зарбаи корд задааст.

Тавре дафтари матбуоти ВКД хабар медиҳад:

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, шаби 26-уми майи соли 2020, тахминан соати 00:17-дақиқа, дар назди манзили истиқоматиашон бо ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда 3 -маротиба ба бадани номбурда зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Бо корд захмӣ намудани ҳамзист аз ҷониби ҷавонзани 19-сола

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳраки Ғафурови ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, санаи 19-уми майи соли 2020, тахминан соати 23:30-дақиқа, ҳангоми дар хонаи истиқоматии ҳамзисташ ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Исфара қарор доштанаш, аз сабаби муноқишаи ба миёномада, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба тарафи чапи қафаси синаи ҷабрдида задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *