Ҳалокати табиб дар 1-ум Советский аз илтиҳоби шуш

Имрӯз дар  маркази тиббии №1-и шаҳри Душанбе маъруф ба “1-ум Советский”  боз ҳолати дигари ба ҳалокат расидани як нафар бо илтиҳоби шуш ба қайд гирифта шуд.  Дар ин бора “Азия-Плюс” хабар медиҳад.  

Бино ба иттилои манбаъ нафари фавтида табиб марказ Солиев Фатто Гаппаралиевич мебошад. Гуфта мешавад, ки номбурда қаблан ташхиси илтиҳоби шуш гузаронида  буданд. “Рӯзи душанбе аҳволаш бад шуд ва ӯро аз хонааш ба бемористон оварданд. Маросими дафни ӯ имрӯз соати 15:00 баргузор шуд, аммо ҷасадро кормандони тиббӣ гӯрониданд”, — хабар додааст манбаъи “Азия-Плюс” дар беморхона.

Ин маълумотро ҳамчунин пизишки дигаре, ки дар ҳамин беморхона кор мекунад, тасдиқ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, табиби ҳалокшуда гӯё хешовандонашро дар яке аз минтақаҳои карантин аёдат кардааст.

“Ӯ дар Маркази тиббии мо кор намекард. Дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбӣ, ки дар шаҳраки тиббӣ (Медгородок) ҷойгир аст, сардухтур ё мудири шуъба буд. То ҷое ман медонам, ӯ бо хешовандонаш, ки дар карантин буданд, вохӯрдааст”, — гуфт пизишк.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *