Ҳамсарашро кушту ба дор овехт

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, ки дар куштори ҳамсараш муттаҳам мешавад

 Пулис марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент, ки пеш бо қисми 1 моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир кардааст, хабар медиҳад котиботи Вазорати корҳои дохила .

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда дар хонаи истиқоматиаш бинобар сабаби рашк бо ҳамсараш, ҷавонзани 22-солаи сокини ҳамон маҳал муноқиша карда, бо истифода аз рӯймоли занона гулӯи ҳамсарашро бӯғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст.

Ҳодиса се рӯз қабл, 3-юми сентябри соли ҷорӣ, тахминан соати 18:00 рух медиҳад.

«Гумонбаршаванда бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти содиркардааш ҷасади ҳамсарашро бо арғамчин дар болои оғилхонаи ҳавлии истиқоматиаш ба дор овехта, ҳолати мазкурро ҳамчун худкушӣ вонамуд карда, оид ба ин ҳодиса волидайн ва дигар шахсонро хабардор кардааст», — афзудааст манба.

Гуфта мешавад, дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *