Ҳамсари Муҳиддин Хоҷазод аз пневмония даргузашт. Ҳолати нависанда бошад вазнин аст

Ҳамсари Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод, ки чанде пеш ба бемористон интиқол ёфта буд аз бемории пневмония даргузашт. Вазъи саломатии нависанда ҳамоно вазнин боқӣ мемонад.

“Азия Плюс” дар такя ба манбаъаш менависад, ки нависандаи 80-сола Муҳиддин Хоҷазод ҳанӯз ҳам дар дастгоҳи нафаскашии сунъи (ИВЛ) пайваст аст ва ҳолаташ вазнин мебошад.
Вале санаи 28 апрел ҳамсари нависанда Муҳайё Музаффарова аз олам даргузашт.
“Сини Муҳайё Музаффарова аз 70 боло буд. Ӯ дар баробари пневмония аз бемории фишор азият мекашид. Духтари нависанда, ки модари беморашро парасторӣ мекард феълан дар карантин аст. Хонаи онҳо дизинфексия карда шуд”-менависад, манбаъ.
Чанд рӯз пеш нависандаи шинохта бо гумони илтиҳоби шуш дар бемористони Хуҷанд бистарӣ шуда буд. Баъди ӯ писараш Алишер Хоҷаев низ бо ҳамин ташхис ба беморхона интиқол дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *