Ҳамсояҳо ғайрат кардаанд теъдодашон ба 35 миллион мерасад

Шумораи аҳолии Ӯзбекистон дар шаш моҳи аввали соли 2021 зиёда аз 301 ҳазор нафар афзудааст.

Аҳолии кишвари бо мо дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон қариб ба 35 миллион нафар расидааст, хабар медиҳад Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ.
Бино ба маълумоти ниҳод, дар давраи аз январ то июни соли 2021 аҳолии Ӯзбекистон беш аз 301 ҳазор афзоиш ёфтааст.

Ҳамин тариқ, дар нимсолаи аввали сол аҳолии кишвар 34,8 миллион нафарро ташкил дод.

Зичии аҳолӣ дар байни шаҳру деҳот амалан ҳеҷ тафовуте вуҷуд надорад, мегӯяд Агентии омор.

Агар дар қиёс гирем 17,7 миллион нафар дар мегаполисҳо ва 17,2 миллион дар деҳот зиндагӣ мекунанд.

Омор на танҳо кӯдакони дар шаш моҳ таваллудшуда, балки онҳоеро низ дар бар мегирад, ки шаҳрвандии Ӯзбекистонро қабул кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *