Ҳавопаймои «Уральские авиалинии” муҳоҷирони Тоҷикистонро аз Красноярк овард

Шаби 26 май 22 шаҳрванди Тоҷикистон тариқи ҳавпаймои «Уральские авиалинии» аз Красноярск ба Душанбе оварда шуданд. Ин муҳоҷирон дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Русия қарор доштанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин бора хабар дода, мегӯяд, ки дар ин хатсайр ҷасади як нафар шаҳрванди Тоҷикистон низ оварда шудааст. Дар ҳам ин маврид, Сафорати Тоҷикистон дар Россия хабар медиҳад, тайи рӯзҳои охир ва давоми ҳафтаи равон дар мувофиқа бо мақомоти Россия ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатӣ мондаанд, ба Ватан баргардонида мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *