Ҳуқуқшинос, зодаи ноҳияи Данғара раиси Балҷувон шуд

Бахтиёр Сафарзода дирӯз, 17 ноябр бо фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Балҷувон таъин шуд. Ӯ кист? 5 декабри соли 1968 дар деҳаи Фалҳобод ноҳияи Данғара вилояти Хатлон дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик аст.

Соли 1976 ба мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №1-и ноҳияи Темурмалик рафта соли 1986 мактабро бо муваффақият хатм намудааст.

Соли 1993 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2007 Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Аз соли 2017 дар Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия таҳсил намуда истодааст.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон январи соли 2019 муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” таъин гардида буд.

Номбурда 17 ноябри соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи раиси
ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон таъин гардид.

Оиладор ва соҳиби 3 фарзанд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *