Ҷаласа таҳти роҳбарии Давлаталӣ Саид дар вазорати иқтисод

Таҳти роҳбарии Давлаталӣ Саид ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон доир гардид.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, ҷаласа 16-уми ноябр бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон — Раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид доир гашт.

Котиби масъули Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ — муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо роҷеъ ба вазъи иҷроиши супоришҳои протоколӣ маълумоти мухтасар манзур кард.

Инчунин, роҳбарони МОИ-и кишвар низ вобаста ба корҳои анҷомдодаашон то ин дам маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Дар интиҳои ҷаласа Раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон ба масъулин ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва фаъолияти босамари минбаъда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *