Ҷанги Афғонистон, ки қомати шӯравиро шикаст

Чил соле қабл, 25 декабри соли 1979 бо даъвати ҳукумати онвақтаи Ҷумҳурии Демократии Афғонистон қӯшунҳои маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин кишвар аз се самт- Кушка-Шиндан-Қандаҳор, Тирмиз-Кундуз-Кобул ва Хоруғ-Файзободи Бадахшони Афғонистон оғоз ёфт. Масъалаи ворид шудан ё нашудан ба хоки Афғонистон чанд маротиба дар Бюрои Сиёсии Комитети Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шeравӣ мавриди муҳокима қарор гирифта буд. Баъзе аз аъзои бюрои сиёсӣ ба ирсоли неруҳои мусаллаҳ ба Ағонистон мухолиф буданд. Ба андешаи иддаи дигар, дар сурати таъхир дар вуруди қӯшини Иттиҳоди Шӯравӣ ба хоки Афғонистон имкон дорад Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  ба ин сарзамин артиши худро ворид карда, мушакҳояшро дар наздикии сарҳадҳои ҷанубии ИҶШС ҷойгир карда ва ба амнияти Иттиҳоди Шӯравӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.  Пас аз баҳсу баррасиҳои тӯлонӣ тасмим гирифта шуд, ки “неруҳои маҳдуд ба таври муваққат ва ба хотири кумак ба неруҳои давлати Афғонистон” дар ин кишвар ҳузур хоҳанд кард. Вале ин “ҳолати муваққат” ҳудуди 10 сол тӯл кашид.  

Сараввал мақсади асосии аскарону афсарони шӯравӣ танҳо муҳофизат намудани иншоотҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумлаи биноҳои ҳукуматӣ, фурудгоҳ, истгоҳҳои барқии обӣ ва ғайра буд. Вале бо мурури замон ҳамлаи гурӯҳҳои ифротгаро ба постгоҳҳои неруҳои шӯравӣ дар Афғонистон оғоз шуд. Сарбозон маҷбур шуданд, ки ба ин ҳамалот посух диҳанд. Ҳамин тавр қӯшинҳои маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ ба гирдоби ҷанги Афғонистон кашида шуданд.

 Ин ҷанги эълоннашуда дар Афғонистон аз моҳи декабри соли 1979 то 15 феврали соли 1989 давом кард.  Дар ин муддат дар набардҳои Афғонистон 620 ҳазор нафар низомиёни шӯравӣ ширкат карда, 15 ҳазору 51 нафар ҳалок гардида, 53 ҳазору 753 нафар захмӣ ва 10 ҳазору 751 нафар маъюб шуданд. То моҳи январи соли 1999 287 нафар бедарак ё ин ки дар асорат буданд.

Дар ҷанги Афғонистон беш аз 15 ҳазору 300 нафар хизматчиёни ҳарбӣ аз Тоҷикистон иштирок намуда ва дар набардҳои кишвари ҳамсоя  366 нафар фиристодагони кишварамон ҳалок гардида ва беш аз 1000 нафар ҷароҳатҳои мухталиф бардоштанд. Афсарону сарбозони тоҷик дар қатори дигар миллатҳои шӯравӣ дар ҳама гуна амалиёти ҷангӣ шуҷоату мардонагӣ нишон дода, аксарияташон бо ордену медалҳои ҷангӣ ва дигар мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.

Дар ин ҷанги эълонашуда ба ду нафар фиристодагони Тоҷикистон-Набӣ Акрамов ва Александр Мироненко (пас аз марг) унвони олӣ-Қаҳрамони Иттиҳоди Шeравӣ дода шуд. Хизмати софдилонаи садҳо нафар ҷавонписарони тоҷик бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Демократии Афғонистон низ қадр шуданд.

Набӣ Акрамов пас аз хатми Омӯзишгоҳи олии низомии Алма-Атои Қазоқистон бо рутбаи лейтенант дар моҳи июни соли 1980 барои хизмат ба Афғонистон сафарбар гардид. 16 марти соли 1982 командири ротаи 6-уми тирандозӣ лейтенант Акрамов дар деҳаи Шафихейли вилояти Бағлони Афғонистон  гурӯҳи муҷоҳидонро зери раҳбарии фармондеҳии Хондор муҳосира кард. Дар ҷараёни ҷангҳо Хондор тавонист бо 42 муҷоҳид хатти муҳсираро рахна карда ва ба самти дарё ҳаракат кунад. Лейтенант Акрамов бо як адад зиреҳпӯши навъи БМП ба самти онҳо равон шуда ва пеши роҳи оҳоро гирифт. Миёни неруҳои шӯравӣ ва муҷоҳидон ҷанги даст ба гиребон сар зад. Дар ин набард ротаи лейтенант Акрамов 36 муҷоҳидро таҳти раҳбарии Хондор несту нобуд карда ва 6 нафари дигарро асир гирифт. Дар 5 июли соли 1982 бо Фармони Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС Акрамов Набӣ Маҳмадҷонович барои нишон додани ҷасорату қаҳрамонӣ ба ҳангоми иҷрои қарзи интернатсионалистӣ дар Афғонистон унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуда, ӯ бо нишони Ленин ва медали «Ситораи тило” қадрдонӣ гардид.

   Афсарону сарбозоне, ки дар набардҳои Афғонистон иштирок карда ва таҷрибаи бойи ҷангӣ доштанд, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ хизмати шоён карданд. Аз ҷумла, дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Душанбе аз ҳисоби собиқадорони ҷанги Афғонистон  дастаҳои ихтиёрӣ таъсис дода шуд, ки дар мубориза ба муқобили қувваҳои зиддиҳукуматӣ фаъолона ширкат варзиданд.

     Ҳамсола 15 феврал, рӯзи хуруҷи неруҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон интернатсионалистҳо ё собиқадорони ҷанги Афғонистон дар назди муҷассами Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко, ки дар набардҳои кишвари ҳамсоя ҳалок шуда буд, гирдиҳам меоянд. Хотироти ҷанги Афғонистонро варақ мезананд, лаҳзаҳои ҳассосу хотирмони он солҳоро ёдоварӣ мекунанд. Масалан, генерал Зафар Икромов аз амалиёти наҷоти асирони неруҳои шӯравӣ дар дараи Панҷшир, ки таҳти назорати фармондеҳи маъруф Аҳмадшоҳ Масъуд қарор дошт, қисса мекунад. Дар миёни асирон додари Зафар Икромов низ буд. Пас аз муайян шудани маҳали нигаҳдории асирон неруҳои шӯравӣ тавассути 20 чархбол ба ин минтақа мераванд. Дар натиҷаи ин амалиёт танҳо 10 асирро наҷот медиҳанд. Дигарон бо шумули додари Икромов ҳалок мешаванд. Ҷанговарони интернатсионалист бо ҳамдигар мисли бародаранд. Онҳо имрӯз низ ба хотири дар рӯҳияи ватандстӣ тарбия намудани ҷавонон, шомил нашудани онҳо ба гурӯҳҳои терорристӣ, ҳизбу созмонҳои ифротӣ дар байни хонандагону донишҷӯёни макотиби олӣ вохӯриву мулоқотҳои судманд мегузаронанд. Дар маъракаҳои даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ширкат варзида онҳоро ба меҳанпарастию пост доштани арзишҳои миллӣ талқин менамоянд. 

Мутаассифона, сафи собиқадорони ҷанги Афғонистон сол то сол кам шуда истодааст. Онҳое, ки дар ин ҷанг захмӣ шуда, кантузия гирифта буданд, бармаҳал бо ин дунё падруд мегуфтанд. Аз сӯи дигар, ҳукуматҳои маҳаллии  баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сарнавишт ва шароити зисти собиқадорон аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Аз он имтиёзҳое, ки ҳукумати ҷумҳурӣ муқарар кардааст, сарфи назар менамоянд. Вақти он расидааст, ки мақоми ҷанговарони интернатсионалист бо иштирокчиёни Ҷанги бузури ватанӣ баробар карда шавад. Зеро онҳо бо хизматҳои шоёни худ дар назди ватану миллат сазовори эҳтироми умум ва имтиёзҳои иҷтимоӣ мебошанд.

Асрор Салимов,

собиқадори ҷанги Афғонистон, полковники мустаъфӣ, омӯзгори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи Агарарии Тоҷикистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *