ҶИҲОД: Кӣ ба он рафтан мехоҳад?

Амалиёти террористии ахир, ки дар қаламрави кишвар рух дод аз он дарак медиҳад, ки мардум ҳоло низ дар доираи тафаккури танг ва ҷаҳонбинии динии якҷониба фикрронӣ ва зиндагӣ мекунанд.

Дар олами андешаҳои манқуртии динии эшон ба ҷуз аз “ҷиҳод дар роҳи Худо” дигар фароизе аз ислом давр намезананд. Ҳол он ки рӯзе марде пеши Паёмбар (с) меояд ва мегӯяд, ки “Мехоҳам дар роҳи Худо ҷиҳод кунам”. Муҳаммад (с) дар ҷавоб мегӯянд, ки “Оё падару модарат дар ҳаётанд”. Мард дар ҷавоб мегӯяд, ки “Бале, онҳо зиндаанд”.

Пас ў (с) мегӯяд, ки “Баргард ва хидмати ононро ба ҷо ор, ин беҳтарин ҷиҳод дар роҳи Худо аст”. Ин аст таълимоти ислом дар роҳи ба даст овардани подоши охират, аммо инро кадоме аз “муҷоҳидин”-и тоҷик, ки дар ҷангҳои Ховари Миёна дар чанд соли ахир “шаҳид” шуданд, медонанд. Ҳеҷ кодоме аз ин “шуҳадо” на аз таълимоти ислом ва на аз Паёмбар (с) огаҳ буданд.

Онҳо “муҷоҳидон”-и ҷангҳои даҳшатноктарини таърихи инсоният, пас аз хунхориҳои Темурлангу Чингизхону Гитлер шуданд. Аз ин “ҷиҳод”-и диишиёнаашон чӣ ба даст оварданд, ба ҷуз тамғаи “террористи хоин”, фарзанди ятиму волидони сархам дигар чизе беш на.

Аммо ҳоло чӣ, ин гуна манқуртҳои “ҷиҳодрав” магар дар байни ҷамъияти мо каманд. Ҳоло низ вуҷуд доранд ононе, ки бо ин ақоиди маҳдуди динӣ зиндагӣ доранд ва роҳи ба даст овардани ризояти Худоро танҳо дар “ҷиҳод” кардан мебинанд.

Вале касе аз ин гурӯҳ вуҷуд дорад, ки падару модари дар ҳаёт дораду худ машғули фароизи динист, аммо ба ҳоли волидон ҳамсояҳо мегирянд.  

Тоҷикистон ташаббускори аввалин дар таҳияи қонуни миллӣ-ахлоқӣ гардид ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро қабул кард. Баъд чӣ шуд, магар бемасъулиятӣ, бетарафӣ, беэътиборӣ ва ноуҳдабароӣ дар таълиму тарбияи фарзанд ва баръакс дар нигаҳбонии волидон аз ҷониби фарзанд кам гардид. Баръакс аз мушиҳидаҳо бармеояд, ки на мӯди Аврупо, балки аллакай анъанаи оиладории аврупоӣ низ таъсири худро расонид.

Пас куҷоянд он воизони мавъизагӯ, ки ҷавононро аз ин гумроҳӣ ва бегонапарастӣ боздоранд. Онҳо муҳимтарин рукни ислом “бузурдошти падару модар”-ро мисли равған об карда, ба майнаҳои ин “муҷоҳидхоҳон” резанд, то ҷомеа аз манқуртҳо тоза шавад.

Нуралӣ Карим

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *