Ҷаҳонпаҳлавон ба Порис меравад

Паҳлавони ҷаҳон Сомон Маҳмадбеков Тоҷикистонро дар сабқати бонуфузи Paris Grand Slam 2021 намояндагӣ мекунад

Бино ба маълумоти  Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков дар шаҳри Пориси Фаронса дар сабқати ҷаҳонӣ қувваозмоӣ мекунад,

Озмун аз 16 то 17 баргузор мешавад. Дар ин чорабинӣ ширкати 301 варзишгар, аз ҷумла 177 мард, 124 зан аз 48 кишвари дунё дар назар аст, -мегӯяд манбаъ.

                Дар мусобиқаи Paris Grand Slam 2021 Ҷумҳурии Тоҷикистонро варзишгари шинохта Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг намояндагӣ мекунад. Ёдовар мешавем, ки ҳоло зиёд ё кам шудани шумораи варзишгарон дар мусобиқаи Paris Grand Slam 2021 имкон дорад.

Сомон Маҳмадбеков иштирокчии мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аврупоӣ ва осиёӣ буда, нахустин чемпиони ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон аз Тоҷикистон мебошад.

Маҳмадбеков моҳи октябри соли 2019 дар Марокаш соҳиби медали тилло гардида буд.

Ҳамчунин моҳи августи соли 2019 дар сабқати ҷудои ҷаҳон миёни мардон дар Токио ширкат карда, барандаи мақоми ифтихории 5 ва моҳи ноябри соли 2019 дар шаҳри Осакаи Ҷопон дар мусобиқаи бонуфузи Осака Гранд Слам — 2019 аз намуди ҷудо мақоми сеюмро сазовор шудааст.

Маҳмадбеков дар рейтинги ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон дар мақоми 1-ум ва миёни бузургсолон дар зинаи 16-ум қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *