Ҷамолиддин Хомӯшӣ: Короновирус рӯзаро аз сар соқит намекунад! (Видео)

Имрӯз рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон аст.  Аммо назар ба солҳои қаблӣ соли равон ба омадани султони моҳҳо таваҷҷуҳ камтар аст, зеро масоҷид баста, фикру зикри мардум ба вабои аср – коронавирус банд мебошад. Доир ба масҷидбандиҳо, рӯза доштан дар даврони вабо, таровеҳи беҷамоат, вақтгузаронӣ дар моҳи муборак айёми карантин, тақвимҳои беҳисоби рамазонӣ ва дигар масоил “Тоҷикистон” бо масъули Раёсати фатвои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ суҳбати ихтисосие анҷом дод, ки ҳамакнун манзури хонандагон мегардад.

Масҷидбандӣ таровеҳро аз сар соқит намекунад

— Думуллои муҳтарам, чанд рӯз қабл, яъне бо омад-омади моҳи мубораки Рамазон дари масоҷиди кишвар ба рӯйи намозгузорон муваққатан баста шуд. Сабабҳои дунёвияшро ҳамагон медонанд, лутфан бигӯед, ки дар бастани масоҷид кадом далели шаръӣ мавҷуд аст?

— Ба номи Худованде, ки беандоза меҳрубон ва ниҳоят бораҳм аст, оғоз мекунам. Ин вабо, ки онро коронавирус ё “COVID-19”  мегӯянд, на фақат кишвари моро ба ташвиш овардааст, балки имрӯз дунёро фаро гирифтааст. Масъалаи муваққатан баста шудани масоҷид на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми кишварҳои мусалмонӣ пеш омадааст. Бузургтарин масоҷиди олам ва ҳатто дари Макка ба рӯйи намозгузорон баста мебошад. Албатта, ин дар баробари далели илмиву мантиқӣ далели динӣ низ дорад. Худованди Маннон дар сураи “Бақара” мефармояд, ки “Худро ба дасти худ ба вартаи ҳалокат наандозед”. Ҳамин ояи Қуръон далели шаръӣ аст, ба хотире, ки олимон бисёр таъкид мекунанд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам гаштугузор накунед, зеро сироятёбӣ ва паҳншавии ин вирус дар чунин маконҳо зиёдтар аст. Масҷидбандиҳо бо тавсияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар аст ва ин ҳама ба хотири амнияти тандурустии мардум мебошад.

— Дар кишвари мо моҳи март масҷидҳо баста шуданд, пас аз чанде боз кушода шуданд ва боз…

— Бале, мо як маротиба дари масоҷидро ба хотири безараргадонӣ ё уфункунӣ бастем, он замон хавфу хатар камтар буд, бинобар ин, масҷидҳо дубора ба фаъолият шурӯъ намуданд. Инак,  дар кишварҳои ҳамсоя сироятёбӣ хеле зиёд шуд, ин вазъият хоҳ-нохоҳ ба мо ҳам таъсир мерасанад, бинобар ин, чунин вазъият пеш омад, ки Шӯрои уламо тасмими дубора бастани масоҷидамонро гирифт.  

— Чун ҳоло моҳи муборак медарояд ва мардум намози таровеҳ мехонанд, оё масҷидбандӣ ба таровеҳи мусалмонон таъсир намерасонад?

— Не, ман фикр мекунам, ки ҳеҷ таъсири баде намерасад, зеро фаъолият накардани масоҷид маъноеро надорад, ки мардум аз намоз, аз ҷумла намози таровеҳашон даст кашанд ё таровеҳро бе масҷид хондан дуруст набошад. Ҳамагон бемамоният метавонанд дар хонаҳояшон бо аҳлу оилаашон намози таровеҳро адо намоянд ва аҷру савоб гиранд. Аз ҷониби дигар, маънои таровеҳ ин бороҳат хондан аст. Бо ҷамоат хондани намози таровеҳ суннати таъкидии кифоя аст. Худи хондани намози таровеҳ ин суннати таъкидии айнӣ аст. Яъне, ҳар нафаре, ки ба балоғат расидааст, бояд намози таровеҳро бихонад, ҳатто он нафароне, ки рӯза намедоранд.

— Домулло, лутфан бигӯед, ки намози таровеҳро дуракъатӣ нею чаҳорракъатӣ хондан ягон кароҳият дорад ва оё ба ҷойи 20 ракъат 8 ракъат хондан ҷоиз аст?

— Тибқи мазҳаби мо яъне, Ҳанафия намози таровеҳ 20 ракъат аст. Ва ба ҷойи 20 ракъат 8 ракаъат хондан хилофи мазҳаби мост. Бояд гуфт, ки 8 ракъат таровеҳ нест, балки намози нофила аст. Мардум намози таровеҳро метавонанд ду ракъатӣ ё чаҳорракъатӣ бихонанд.

Вирус намегӯяд, ки рӯзаро шикан

— Мо дар як давраи ҳассос қарор дорем, аз чӣ тавр ранг гирифтани рӯзгорамон тамоман бехабарем ва ин ҳама дар ҳолест, ки олимон ва духтурон дар хусуси пешгирӣ аз сироятёбӣ ҳар чизе, ки гӯянд, қабул мекунем, бигӯед, ки агар Худо накарда барои рӯза нагирифтан ё рӯзаҳоро дар вақти муайян шикастан тавсияе  шавад, чӣ бояд кард?

— Паёмбари мо (с) дар як ҳадиси муборакашон фармудаанд: “Рӯза бигиред, то саломат бимонед”. Иншоаллоҳ, ки сабабе барои хӯрдан  ё шикасти рӯзаи рӯзадорон пайдо намегардад. Рӯза гирифтан фикр мекунам ҳамеша бар нафъи саломатӣ аст. Бояд гуфт, ки аз имрӯз ба фардо ва он чизе ки фардо меояд, баҳо додаву хулоса бароварда намешавад.

Карантин

— Имрӯз аз нисф зиёди башарият дар карантинанд. Ҳамин ҳолат дар кишвари мо ҳам мумкин аст, ки шавад, шумо бигӯед, ки дар ин давра рӯзадорон чӣ тавр метавонанд хубу шоиста моҳи муборакро сипарӣ кунанд?

— Сараввал бояд донист, ки ин гуна вирусу вабо барои дини мубини ислом чизи нав нест, ҳатто дар замони Паёмбар (с) ҳам чунин вабоҳо буданд. “Ҳар ҷо, ки бемориҳои сироятӣ аст, он ҷо ворид нашавед ва агар он ҷо бошед, берун нашавед”, гуфта буд Паёмбарамон (с). Ва агар нек нигарем, асосгузори ҳамин карантине, ки имрӯзҳо гирди забони ҷаҳониён аст, Паёмбар (с) аст. Имрӯз ҳамагон ба ҷаҳони маҷозӣ ошноӣ доранд ва ҳар чизе ки мехоҳанд, аз он ҷо метавонанд пайдо кунанд. Танҳо ин, пеш аз ҳама, ба қалби ҳар нафар вобаста аст, ки ибодат мекунад ё не. Бо хондани намозҳои қазоиву нофила, бо тиловати Қуръони карим, бо истиғфору корҳои солеҳ гузаронидани моҳи шариф бисёр хуб аст.

ВА…

— Ба ҳамаи мардуми мусалмон рӯза доштани моҳи мубораки Рамазонро таманно дорам. Тавфиқ бар тоат, парҳез аз маъсият каромат фаромояд Худованд. Ва Худо кунад, ки мардуми мусалмон моҳи мубораки Рамазонро бо тоату ибодат сипарӣ намоянд. Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

P.S: Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо нисоби закот 21 ҳазор сомонӣ муқаррар шуд, ки аз он 525 сомонӣ закот дода мешавад. Садақаи фитр бошад, барои як нафар 5 сомонӣ муайян шуд. Барои афроде, ки узри шаръӣ доранд ё бемороне, ки аз сиҳатшавияшон умед нест ва рӯзаи моҳи мубораки Рамазонро гирифта наметавонанд, фидя ба маблағи 300 сомонӣ барои 30 рӯз муқаррар шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *