Ҷасадҳои селофанпеч дар беморхона: Фавт аз каронавирус ваё дигар бемори?

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видео бо тасвири ҷасадҳо, ки дар селофанҳои полиэтилени печонида шудаанд пайдо гардид, ки боиси нигаронии зиёди истифодабарондагони шабакаҳои иҷтимоӣ гардид.

Нафарони ин манзараро ба навор гирифта, мугуянд, ки  дар ин халтаҳо касоне ҳастанд, ки дар Узони Ӯзбекистон аз коронавирус фавтиданд.

Пас аз пахши ин навор директори Маркази ҷумҳуриявии патологии Тошканд Раҷаббой Исроилов дар шабакаи телевизионии «Севимли» видеоро шарҳ дод.

Ба гуфтаи патолог, дар маркази онҳо видео сабт шудааст, аммо ҷасадҳо қурбони коронавирус нестанд.

«Видео 28 июн аз ҷониби донишҷӯёни ҷавони мо аз вилояти Хоразм, ки дар ин бахш кор мекунанд, сабт шудааст. Он рӯз парвози чартерӣ аз Русия бо «бори 200» расид. Ҳангоми ҷасадҳоро ҷо ба ҷо намудан ҷасадҳоро сурат гирифта, қурбони каронавирус гуфта ба шабакаҳои иҷтимоӣ партофтаанд”. гуфт ӯ.

Бино ба иттилои Исроилов пас аз ташхиси ҷасадҳо онҳоро дезинфексия намуда, ба хешовандон супорида мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *