Ҷашнвораи онлайнии ҷавонон “IdeaFEST: аз идея то амал”

Аз 28-уми сентябр то 2-юми октябри соли 2020 дар Тоҷикистон нахустин ҷашнвораи ҷавонон «IdeaFEST: аз идея то амал» дар формати онлайн баргузор мешавад. Дар ҷашнвора 50 ширкаткунанда аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Маъракаи минтақавии ҷавонон #IdeaChallenge2020 моҳи феврали соли равон таҳти шиори «Ҳама аз идея сар мешавад!» барои ҷавонони 18-30 солаи Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон оғоз шуда буд. Тавассути маъракаи #IdeaChallenge2020 идеяҳои навоварона ва эҷодкоронаи ҷавонон, ки мушкилоти аҳамияти иҷтимоидоштаро ҳал мекунанд, ба чолиш кашида шуд. Дар ҷамъбасти чорабинӣ 50 идеяи ҷолибтарин муайян карда шуд, ки муаллифони онҳо барои иштирок дар нахустин ҷашнвораи онлайн барои ҷавонон «IdeaFEST: аз идея то амал» роҳ ёфтанд.

Ҷашнвораи IdeaFest ба як платформаи ҷавонони ташаббускор табдил хоҳад ёфт, ки онҷо онҳо метавонанд тавонмандии худро барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун афзоиш диҳанд, аз сӯйи коршиносони маъруф омӯзишҳои мураббигӣ гиранд ва идеяҳои худро ба лоиҳаҳои мукаммал табдил диҳанд. Ғайр аз он, иштирокдорон чигунагии пешниҳод кардани идеяро барои мухотабон ва ҳамкорӣ бо сармоягузоронро барои татбиқи идеяҳо меомӯзанд.

Дар Idea Fest мураббиён ва коршиносон дар бораи ҷанбаҳои муҳим, аз қабили тарроҳии иҷтимоӣ, таблиғ, ташкили маъракаҳои самараноки иттилоотӣ ва ҷамъоварии маблағ ҷаласаҳои кушод ва мастер-классҳо баргузор мекунанд. Ғайр аз он, иштирокдорон тарзи истифодаи воситаҳои чандрасонаӣ ва ҳикояҳоро дар лоиҳаҳои иҷтимоӣ барои таблиғи интерактивии лоиҳаҳо ва муаррифии бомуваффақияти онҳо меомӯзанд.

Идеяҳои интихобшудаи иштирокчиён дар 6 самт гурӯҳбандӣ шудаанд, ки дар онҳо 8 мураббӣ-коршинос бо забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ пуштибонии менториро пешниҳод мекунанд:

  • лоиҳаҳои экологӣ
  • лоиҳаҳои таълимӣ
  • лоиҳаҳои иҷтимоӣ
    -лоиҳаҳо барои таҳияи сайтҳо, бозиҳо ва замимаҳо
    -лоиҳаҳои навиштани мавод
    -лоиҳаҳои шаҳрнишинӣ

IdeaFEST дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи “Пурзӯр намудани устуворӣ ба ифротгароӣ ва иттилооти бардурӯғ дар Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Internews амалӣ мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *