Ҷазои ронандаи автобус барои озори ҷисмонии кӯдаки ноболиғ

Як ҷавонзани сокини шаҳри Душанбе ва корбари Фейсбук бо нашри як муроҷиатнома дар интернет аз мақомоти дахлдор хоҳиш намудааст, ки барои дағалгуфториву озори ҷисмонӣ расонидан нисбати ронандаи автомашинаи «Автобус»и хатсайри №8 чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Дар муроҷиат гуфта мешавад, ки ронандаи автобус бар замми ба таври нақдӣ гирифтани маблағи роҳкиро, ҳамзамон, саросемавор дари автомашинаро пӯшидааст, ки боиси озори ҷисмонии фарзанди ноболиғи муроҷиаткунанда гардидааст.

Инчунин, ронанда нисбати зани муроҷиаткунанда бо садои баланд дағалрафторӣ намуда, рафтори зиддиҳуқуқӣ содир кардааст.

Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-санҷишӣ муайян гардид, ки ронандаи автобус Ғаффоров Акмал Убайдуллоевич санаи таваллудаш 05.12.1994, сокини ш.Душанбе, кӯчаи Маяковский мебошад.

Зимни пурсиши шоҳидон ва санҷиши ҳамаҷонибаи ҳодисаи мазкур гуноҳи содирнамудаи ронанда тасдиқи худро ёфт.

Дар натиҷа, нисбат ба Ғаффоров Акмал тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, бо Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 7-нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *