Ҷилваи рангҳо-ҷилои зиндагӣ. Сӯзанро чӣ хел меофаранд?

Сӯзанӣ-ин матоъи гулкоришудаест, ки дар хонаи ҳар як тоҷик дидан мумкин аст. Онро барои ба ҳусни хона ҳусн зам кардан ба девор меовезанд, ба шифт мекашанд.

Мафтуна Пӯлотова, сӯзанидӯз аз шаҳри Хуҷанд ба хабарнигори сомона оид ба чӣ гуна дӯхтани сӯзанӣ, махсусиятҳои ин ҳунар ва талаботҳо нисбати он ҳарф зад.

“Модарам-нахустустодам”

Мафтуна 34 сол дошта, ҳанӯз аз хурдсолӣ ба ҳунарҳои дастӣ шавқи беандоза дошт. Нахустин устоди ӯ дар ин ҷода модараш ба ҳисоб мерафт, ки худ низ ҳунарманд буд.

-Он кас бо вуҷуди муаллимаи забони русӣ будан, аз ҳунарҳои дастӣ бархӯрдор буданд. Ба ман чӣ гуна гузаронидани ришта, сӯзан задан ба матоъро омӯзониданд,-мегӯяд ӯ.

Қаҳрамони мо дар баробари дар мактаб таҳсил кардан, ҳунаромӯзиро сайқал медод. Ӯ дар 10-солагӣ кешбофӣ ва армуғонсозирро пурра аз худ карда, фармоиш қабул мекард.

Пас аз хатм ҳуҷҷатҳояшро ба ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров супорида, мисли модар муаллимаи фанни забони русӣ шуданро ихтиёр намуд ва бурд ҳам кард. Зеро ҳам ба хонандагони МТМУ №2, шаҳри Хуҷанд аз ин фан дарс мегӯяд ва ҳам дар маркази таҳсилоти иловагии вилоят ба шогирдон сӯзанидӯзиро меомӯзонад.

“Сӯзанидӯзӣ-ҳунари мардумӣ”

Мафтуна Пӯлотова мегӯяд, ки сӯзанидӯз бояд шахси дилкушод ва пурсабр бошад. Зеро як сӯзанӣ аз 6-8 моҳ то 1-2 сол омода мешавад ва вақти зиёдро талаб мекунад. Дар кадом муддат омодани шудани сӯзанӣ аз ҳаҷми он вобаста аст.

-Борҳо дидем, ки вақти таваллуди духтар дӯхтани сӯзаниашро сар карда, то замони ба шавҳар баровардан онро ба итмом расониданд,-мегӯяд қаҳрамони мо.

Имрӯз талабот ба сӯзании калонҳаҷм нисбатан кам аст. Зеро арзиши он гаронтар аст. Як сӯзанӣ аз 500-800 то 3000-4000 сомонӣ арзиш дорад, ки ин нархи максималӣ нест.

Аз ин рӯ мардум бештар тагсарӣ, рӯйҷой, ҷойнамоз, курта фармоиш медиҳанд. Мафтуна барои дӯхтани нақшу нигори онҳо аз риштаи абрешимӣ ва пахтагӣ истифода мебарад. Нақшҳоро бошад бештар амакаш ва устодаш Усмонҷон Ҳомидов мекашад.

Кашидани нақш ва интихоби ранг дар сӯзанидӯзӣ хеле муҳим аст. Қаҳрамони мо бештар рангҳои мӯътадилро интихоб мекунад. Зеро он писанди сайёҳони хориҷист.

-Махсусияти сӯзанӣ дар он аст, ки ҳамеша як кунҷи он нотамом мемонад, зеро ин маънои онро дорад, ки зиндагӣ дар пеш аст ва ҳаётидома дорад,-мегӯяд қаҳрамони мо.

Амони Муҳаммад, шаҳри Хуҷанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *