Ҷоизаи Мавзуна Чориева насиби Бибисоро гардид

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Данғара дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бокс барои дарёфти ҷоизаи ба номи Мавзуна Чориева ғолиб ва мақоми аввалро сазовор шуд.

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди бокс байни бонувон барои дарёфти ҷоизаи ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи 30 –солагии Истиқлолияти давлатӣ доир гардид. Инчунин, ҳадаф аз ин мусобиқа тарғиби ташаккули тарзи хаёти солим, дӯстии ҷавонон, рушди бокс дар миёни бонувон мебошад. Дар мусобиқа варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ва минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

“Аз ҷумла, дар мусобиқаи мазкур донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси математика-физикаи факултети табиӣ-риёзӣ ва рушди нерӯи инсонии Донишгоҳи давлатии Данғара Бибисоро Ҷумаева фаъолона ширкат варзида, барои ишғоли ҷойи аввал дар мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни бонувон барои дарёфти ҷоизаи ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева бо Диплом, медал ва камарбанди сурх қадрдонӣ гардид. Бояд тазаккур дод, ки ки иштироки варзишгарони Донишгоҳи давлатии Данғара дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва пирӯзии онҳо бори дигар собит менамояд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи варзиш таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд ёфта, пайваста ба соҳаи варзиш ва ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад”,-гуфт дар суҳбат бо Pressa.tj Муҳаммад Шораҳимзода, сухангӯи ректори ДДД.

Бино бар иттилои манбаъ, ректори донишгоҳ, профессор Нуралӣ Шоҳиён ғолиби мусобиқаи бокс, донишҷӯи донишгоҳ Бибисоро Ҷумаеваро бо туҳфаи пулӣ қадрдонӣ намудааст.

Солҳои охир шавқи духтарон дар Тоҷикистон ба варзиши бокс зиёд гаштааст. Имрӯз варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти сатҳи байналмилаливу ҷаҳонӣ ҳунарнамоӣ намуда, сазовори ҷойҳои номоён мегарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *