Ӯ охирбин буд, на охурбин

Ёде аз Хол Машраб

Ҳар боре гузорам ба бозори  «Корвон» афтад, ёде аз шодравон Хол Машраб мекунам. Шояд дар ҳеҷ корхонае ба ин андоза ҷои кор насохтаанд, ки ӯ дар ин як бозори муҳташам бунёд кардааст. Дурандеш буд ӯ . Пайваста такрор мекард: «Охурбин не, охирбин шавед!». Ӯ худ охирбин буд. Пеши охурбинон луқмае мепартофт, то тундӣ ба корвон накунанд. Бо гадоён омиёна, бо курсинишинон савори зини асп гап мезад. Ҳоло андеша мекунам, ки бурди ӯ дар чӣ буд? Шояд дар ҷуръат, шояд мактаби зиндагӣ, шояд баҳра бурдан аз суҳбату машварати мардуми фозилу доно…

Дар мусоҳибае аз ӯ пурсида будам, ки ояндаи ҷумҳуриро дар чӣ мебинед?  «Тиҷорат. Ба роҳ мондани мубодилаи мол тавассути бонкҳо. Шахсе, ки ба тиҷорату истеҳсолот сарукор дорад, агар мубодилааш бо бонк сурат нагирад, чӣ гуна метавонад дахлу харҷи иқтисоди худро танзим кунад? Камбудии асосии соҳибкорони мо дар ин аст, ки нақшаи тиҷоратӣ надоранд. Ин, ки ба 1000 доллар маҳсулот мехареду дар ҷои дигар онро каме қимматтар ба савдо мезанед, ҳанӯз маънои тиҷоратро надорад. Тиҷорат асоси низоми иқтисодист. Неруи ақлониро ба кор бурда, корхонаи истеҳсолӣ бунёд мекунӣ, он вақт ту соҳибкор мешавӣ.

Масъалаи дигар дуруст ва оқилона ба роҳ мондани истеҳсолот. Дар ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама,  бояд коркарди пахта  ва пилла дуруст ба роҳ монда шавад. Вусъати ҳамкорӣ бо корхонаҳои истеҳсолии хориҷӣ, барқарор кардани робитаҳои солим бо ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, бахусус, бо Русия шарти асосии пешрафти кишварамон аст».

Ин суханҳоро 16 сол қабл гуфта буд, вале то ҳанӯз дархӯрди замонанд. Низом дар тиҷорат, ба маҳсулоти ниҳоӣ табдил додани маводи хом, барқарор кардани робитаи иқтисодӣ бо кишварҳои зикршуда, махсусан Русия магар актуалӣ нестанд?

Аз некон боғ, аз бадон доғ мегӯянд. Ӯ мероси зиёде аз худ боқӣ гузошт: фарзандони ботарбия, коргоҳҳо, ноҳияи обод… “Корвон” намунае аз ин хирвор аст. Баъд аз сад сол ҳам шояд ин майдони тиҷорат бо номи ӯ вирди забони мардум мемонад. Мисли бозори «Шоҳмансур», ки буду нест, мисли чойхонаи «Яккачинор», ки буду нест, мисли маҳаллаҳое, ки аз рӯи коғаз сутурда, вале дар забони мардум зиндаанд. Шояд шукргузороне бошанд, ки сари дастурхон, ҷои намоз дуо кунанд: «Рӯҳаш шоду ҷояш ҷаннат бошад!». Гуфтори нек, кирдори нек, пиндори нек берун аз қолаби вақту замон аст. Ӯ охирбин буд, ки нақше аз худ боқӣ гузошт. Некиву бадӣ аз ҳам дур нестанд. Мардум ба сухан эътимод надоранд. Эътимод ба амал аст. «Корвон» амали Хол Машраб буду ҳасту мемонад.Инсон миранда аст, вале амали неки ӯ номи ӯро зинда медорад.

Хол Машраб охирбин буд, на охурбин!

Ёд дорам: субҳи содиқ, шоми торик ӯ мисли посбоне, мисли чӯпоне дар вайронае, ки ҳоло «Корвон» ном дорад, ғарқи андеша пасу пеш қадам мезад. «Варшава рафтаӣ? Дар баромадгоҳи шаҳр бозоре дорад калонтарин дар Аврупо. Ин ҷо сари роҳ,  беруни шаҳр. Бозоре месозам, ки мардум кор ёбанду кор кунанд»,  — боре дар ин макон  пасу пеш қадамзанон гуфта буд шодравон Хол Машраб . Орзуҳои ӯ бештар аз он буданд, ки ҳаст. Аммо муҳити чун сӯрохии сӯзан танг, ҷаҳонро танг сохта буд.

Боз ҳам аз суҳбате, ки қариб 20 сол қабл бо шодравон дар дафтари кораш доштам: «Маъмулан раисону вазирон зеботарин духтаронро тариқи озмун ба худ котиба интихоб мекунанд. Вале котиби шумо мард аст. Дар ин интихоби шумо чӣ сирре ниҳон аст?»- пурсидам аз ӯ.

Посухи ӯро айнан меорам: «-Ин ҷо ҳеҷ сирре мавҷуд нест. Намехоҳам, ки лӯхтаки танозеро дар қабулгоҳам нишонаму аз пасаш ҳар рӯз даҳҳо нафар ба хотири тамошояш кашола шуда оянд ва ба кори ман халал расонанд. Бе ин ҳам кор аз мӯи сар зиёд аст. Масъулият аз намоишкорӣ боло меистад. Мансабдореро медонам, ки ба як мансабдори дигар  лоф зада мегуфт, ки ҳар  се ҳафта котибаашро иваз мекунад ва аз ин амалаш завқ мебарад».

Хол Машраб охирбин буд, на охурбин!

Ӯ марде буд базлагӯй. Ва ин фазилаташ аз шеъру адабиётдӯстиаш бармеомад. Кӯшиш мекард сухани нобе гӯяд, дар тасдиқи суханаш шеъре орад. Овозаҳо буд, ки ӯ дар пояи ҳайкали Исмоили Сомонӣ бадоҳатан шеъре гуфта, шоиронро ба ҳайрат гузошт. Аз ӯ воқеияти ин овозаро пурсидам. Хоксорона посух дод: «Ман куҷову шоиронро ба ҳайрат мондан куҷо. Вале боре шоирон Лоиқ, Аскар Ҳаким, Гулназар ва чанд нафари дигар мушоира карда буданд. Дар пояи ҳайкали  Исмоили Сомонӣ ҳамроҳи вазирон суҳбат оростем. Қарор шуд, ки бояд нафаре дар васфи ҳайкали Исмоили Сомонӣ бадоҳатан байте эҷод кунад. Ҳама  ба ман нигаристанд: Ман бадоҳатан гуфтам:

Як лаҳза тарки раҳ кун,

Ин тоҷро нигаҳ кун.

Ин тоҷ мезанад пар,

Рамзи замона дорад.

Ӯ медонист, ки тоҷик бо шеъраш зинда монд. Ба шеъру шоирӣ арҷ мегузошт ва эҳтироми аҳли қаламро нигаҳ медошт.

Хол Машраб охирбин буд, на охурбин!

Анбуҳи одамон дар «Корвон» боли парвози хаёлотро ба ҳаракат меорад. Дар ин макон чеҳраҳои рангоранг бо забонҳои гуногун даромехтаанд: тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ, англисӣ, фаронсавӣ… «Корвон» макони тиҷорат, муошират, гаштугузори сайёҳон… Хориҷиён дар Тоҷикистон, бозорҳои он лаззати тоҷикӣ меҷӯянд. «Корвон»  чунин як макон аст. Серодам, шарқист.

Хол Машраб охирбин буд

Боре дар суҳбате аз ӯ пурсидам, ки шиоратон дар зиндагӣ чист?

-Зиндахору мурдаазизем, — гуфта буд ӯ. -Мисоли одӣ шодравон Лоиқ аст. Дар зиндагияш ҳатто рафиқони наздикаш ӯро чашми  дидан надоштанд. Баъди вафоташ ҳама дар васфаш марсиясаро шуданд. Тақдири Лоиқ бароям панди бузург гашт. Аз ин рӯ, шиори ман дар зиндагӣ ин аст:

-Эй бародар, хоки поят тӯтиё,

Гар ту моро дӯст медорӣ, биё.

Эътиқоди мову ту дар зиндагист,

Баъди мурдан хоҳ биёӣ, хоҳ наё.

Хол Машраб охирбин буд, на охурбин!

Ӯ агар бо мо мебуд, қадам ба ҳафтод мегузошт. Базми шеър меорост, базлагӯӣ мекард. Шояд қад — қади дарёи Кофарниҳон ё домани дашт савори аспи саманди тезгард ғубори дил меронд. Аммо зиндагии бераҳм ӯро савори саманди чӯбин  сохт.

Хол Машраб охирбин буд, на охурбин!

Шариф Ҳамдампур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *