Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

100 мошини ҷангии Толибон вориди дараи Панҷшер шуд

Эҷоди “Лашкари Мансурӣ” ва таҳдидҳои раҳбарони “Толибон”* ба Тоҷикистон ду паҳлуи як сиккаанд, ки дар айни нокомиҳои дохиливу хориҷии ин гурӯҳ намоён мешаванд

 “Лашкари Мансурӣ” ё “кандак (баталён) — и истишҳодии “Иморати исломӣ” дар вилоятҳои “сегона” — и ҳамарз бо Тоҷикистон – Бадахшон, Қундуз ва Тахор мустақар шудааст.

Аввалин сарбозони он 22 сентябр дар Бадахшон режаи низомӣ рафтанд, дар ҳоле ки як чунин нерӯҳо қаблан ба хотири ҳифозати фурудгоҳи Қундуз мустақар шуда буданд. 25 сентябр Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи “Толибон” дар ҳисоби твитериаш аз истиқрори “даҳҳо ҳазор” нерӯи ин баталён дар вилояти Тахор “ба хотири таъмини амният ва ҷилавгирӣ аз хатарҳои билқувва ва ғайра” хабар дод.

Рӯзи 26 сентябр манобеи аз Панҷшер иттилоъ доданд, ки ҳудуди 100 мошини ҷангии нерӯҳои хоси “Толибон” ба номи “Бадрӣ-333” вориди ин дара шуданд. Он ҳам бар иловаи ҳазорон нерӯе, ки дар дохил доштанд.

Ҳамқадам бо ин таҳаррукоти низомӣ Муҳаммад Наим Вардак, сухангӯи дафтари сиёсии “Толибон” дар Қатар зимни як нишасти матбуотӣ эълон дошт, ки агар кишварҳои хориҷӣ халал нарасонанд, “Толибон” дар тӯли 24 соат Тоҷикистонро ишғол мекунанд. Ҳанӯз оби ин таҳдид хушк нашуда, муовинони сарвазири “Иморати Исломӣ” Мулло Абдулғанӣ Бародар ва Абдусалом Ҳанафӣ низ аз дахолати Тоҷикистон ба корҳои худ ва эҳтимоли аксуламал гуфтанд.

Аз ин ҳама таҳаррукот ва таҳдидҳои “Толибон”* иттилооте низ дар дастанд, ки ривоят аз тағйири вазъияти ҷангӣ дар Афғонистон мекунанд ва ҳадафи онҳо на дохилӣ, балки хориҷӣ аст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.