Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Амалиёти “Дорухона”: Ҳоҷиёдгор боздошт ва нисбати 5 доруфурӯш парванда боз шуд (видео)

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе амалиёти шартии «Дорухона»-ро дар ҳудуди пойтахт роҳандозӣ намуд. Ин тасмими мақомоти милитсияи пойтахт дар асоси омӯзиши муроҷиатҳои шаҳрвандон ва таклифу пешниҳодҳои онҳо сурат гирифтааст.

Зеро вақтҳои охир ба таври сунъӣ боло бурдани арзиши доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ, махсусан дастпӯшак, ниқобҳои тиббӣ ва намудҳои гуногуни доруворӣ аз ҷониби фурӯшандагони дорухонаҳо дар кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе ба мушоҳида мерасад.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ки  дар доираи баргузории амалиёти шартии «Дорухона» муайян карда шуд, ки баъди дар ҳудуди кишвар ба қайд гирифтани пандемияи COVID-19 як гурӯҳ фурӯшандагони дорухонаҳо фазои сунъиро ба вуҷуд оварда, бо мақсади ба даст овардани даромади аз ҳад зиёд ба таври худсарона арзиши маводҳои доруворӣ ва лавозимоти тиббиро боло бурдаанд, ки ин ҳолатҳо дар давраи баргузории амалиёт тасдиқи худро ёфтааст.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мутаассиф дар он аст:  “Дар ҷомеаи мо ҳастанд нафароне, ки аз чунин вазъияти баамаломада бевиҷдонона истифода бурда, арзиши лавозимоти тиббӣ, аз ҷумла дастпӯшак, ниқобҳои тиббӣ ва намудҳои гуногуни дорувориро бо нархи даҳчанд гарон ба фурӯш мегузоранд”.

Аз хабари расмии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе:
  Дар доираи баргузории амалиёти шартӣ таҳти унвони «Дорухона» кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе давоми 1 рӯз 5 ҳолати ба таври сунъӣ боло бурдани арзиши доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ аз ҷониби фурӯшандаҳои дорухонаҳои пойтахт, ҳамзамон ба фуруш гузоштани маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузашта, бе Сертификати мутобиқати сифат, дар ҳолати ғайрисанитарӣ омода намудани дастпӯшак ва либосҳои тиббии муҳофизатиро ошкор намуданд.  Чунончӣ дар таърихи 4-уми майи соли ҷорӣ тахминан соати 22:30 дақиқа зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт шаҳрванд Бойбобоев Ёдгор Абдухолиқович соли таваллуди 23.05.1993, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ба фуруш баровардани лавозимоти тибӣ бо арзиши сунъии болобурдашуда дар дохили автомашинааш-тамғаи “ЛЕКСУС” рақами бақайдгириаш 8787RХ01 дастгир карда шуд.

  Дар идомаи чорабиниҳои тафтишотӣ ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматиаш дар суроғаи ноҳияи Рудакӣ ҷамоати деҳоти Зайнабобод як қатор лавозимоти тиббии ба таври худсохт омодашуда мусодира карда шуд: Аз ҷумла: 15 600 адад даспушакҳои тиббии рангаш кабуд ва 88 ҳазор дастпушакҳои тиббии рангаш сафед, ки нархи як қуттии он 45 сомонӣ муқарар шудааст, арзиши онро ба таври сунъӣ то 180 сомонӣ боло бурдааст. Ба ин монанд 290 адад ниқоби тиббиро, ки нархи як ададаш 2 сомонӣ тасдиқ шудааст, ба таври сунъӣ боло бурда, бо арзиши 10 сомонӣ ба фурӯш гузоштааст.

  Ҳамчунин, аз манзили зисти номбурда 59 адад айнаки тиббӣ, 10 ҳазор қутии холӣ бо навиштачоти “Сабр”, барои ҷойгир намудани дастпушакҳои тиббӣ, 50 адад қутии “бахил”, 1000 дона чубчаи тиббии барои маҳлулгирӣ мусодира гардид, ки арзиши маводҳои тиббии мусодирашударо ба таври сунъӣ чандин маротиба боло бурда, ба фурӯш мегузоштааст. Дар доираи тафтишот муайян карда шуд, ки дастгиршуда бе маълумоти соҳавӣ ва гирифтани Иҷозатномаи мақомоти ваколатдор дар шароити хона, ғайрисанитарӣ ба омадасозӣ, нигоҳубин ва фурӯши маводҳои тиббӣ машғул шудааст.

 Дастгиршуда Ёдгор Бойбобоев аз ҳисоби ба таври сунъӣ боло бурдани нархи маҳсулоти доруворӣ ва фоидаи муфт бадастовардааш дар як муддати кутоҳ, ду автомашинаи гаронарзиши хориҷии тамғаи “Лексус RX-350»-ро харидорӣ намудааст. Дастгиршударо гарчанде, ки зиёрати хонаи Худо мушарраф гардидаасту атророфиён уро ҳамчун “Ҳоҷиёдгор” эҳтиром мекарданд, дар моҳи шарифи Рамазон ба ҷои дасти ёрӣ дароз намудан ба муҳтоҷону беморон бо мақсади қонеъ сохтани нафси бади худ ба амалҳое, ки тақво ва имондории ҳар мусалмонро зери суол мебараду аз корҳои зишту гуноҳ маҳсуб меёбад, даст задааст.

  Дар идомаи амалиёт кормандони милитсияи шаҳри Душанбе шаҳрванд Алиев Файзулло Алиевичро дастгир намуданд, ки ӯ низ бо истифода аз вазъияти аз ҳарвақта бештар ниёз доштани аҳолӣ ба маводҳои тиббӣ, арзиши маводҳои дорувориро худсарона чор-панҷ маротиба баланд бардошта ба фурӯш мегузоштааст.

  Номбурда ҳангоми ба фурӯш баровардани доруи “Арбидол”, ки нархи як капсулаи он 40 сомонӣ муқарар шудааст, арзиши онро ба таври сунъӣ боло бурда, дар вақти фурӯш бо нархи 250 сомонӣ дастгир карда шуд. Ғайр аз ин номбурда 91 адад ниқоби дуфилтраи 20 сомонӣ арзишдоштаро 40 сомонӣ ва 19 адад халати тиббии 110 сомонӣ арзишдоштаро 220 сомонӣ ба фурӯш гузоштааст.

  Метавон хулоса кард, ки барои чунин афроди манфиатҷӯ саломатии миллат ягон арзиш надорад. Чунин нафарон манфиати шахсии худро аз солимии аҳолӣ боло гузошта, бо истифода аз вазъият манфиатҳои худро пиёда месозанд.

  Ҳамчунин, дар доираи амалиёт кормандони милитсия дар ду ҳолат аз дорухонаҳои ҶДММ «Ориёнфарм» ва ҶСП «Азиз-вако» дар маҷмуъ 95 капсулаи «Арбидол», миқдори зиёди дорувориҳои «Батферон», «Анаферон» ва «Сиклоферон»-ро мусодира карданд, ки нисбат ба арзиши аслияшон чанд маротиба боло буда, ба фурӯш гузошта мешуданд. Дар натиҷа нисбат ба нафароне, ки даст ба қонуншиканӣ заданд, маводҳо барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ тартиб дода шуда, дар баррасӣ қарор доранд.

  Бояд зикр намуд, ки тамоми маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббии мусодирагардида, тавассути сохторҳои тандурустии шаҳри Душанбе ба беморхонаҳои пойтахт тақсим карда шуд. Нафароне, ки аз оҷизии беморону корафтодагон истифода бурда, мехоҳанд маблағи зиёд ба даст оранд, на танҳо дар назди имону виҷдони худ ва шариати Ислом, балки дар назди қонун ҳатман ҷавоб мегӯянд.

  Баргузории амалиёти шартии “Дорухона” аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади ошкор намудани ҳолатҳои ба таври сунъӣ ва худсарона боло бурдани арзиши маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ дар ҳудуди пойтахт идома дорад.

-->

Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Точикистони 06.05.2020 10:44

    Якта даханбандаки латагира нахрш 3 сомонаи 10 сомон харидум дар сифат фарма бо дар пешуш сехи дузандаги дора

  2. Усмон НИЁЗОВ 06.05.2020 15:04

    Умари Форуқ
    По манеҳ бар ҳалқаи тазвиру макри суфиён,
    Рӯз зикри арраву шаб фикри дигар кардаанд.
    Олимон аз вусъати машраб шуда тобеъ барой,
    Сихҳати фатвои дин бо зар муқаррар кардаанд.
    Сомӣ
    Мурен аз ҳолтона дар ин вазъите ,ки бояд тавоно дасти нотавонро гирифта аз ин вабо халос шавем.
    Дар ҳуҷуми вирус ва дар марги одамон пулҷамъ мекунанд.
    Маълум ,ки савод надоранд ҷаҳонбини надоранд , чунки ин бемори ба ғаниву фақир якхел муомила мекунанд.
    Ҳамаро ба коми худ фӯру мебарад.
    Афсӯс чунин ба ном ҳоҷиҳои пулдори заифимони бесавод номи ҳоҷиҳои асли ва мусулмони ҳақиқиро сиёҳ мекунанд.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.