Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ним асри бебарқӣ  

Чаро масъулини Хуросон супориши Ҳакимзодаро иҷро накарданд?  

Сокинони деҳаи Кучим дар ноҳияи Хуросон наздики ним аср мешавад, ки аз барқ маҳруманд. Бо вуҷуди гузашти 28 сол аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳанӯз ба деҳаи мазкур хати барқ кашида нашудааст.                                                           

Маҳмадсаид Сафаров, сокини ҳамин деҳа, дар рӯзи қабули сайёри шаҳрвандон, ки 25 апрели соли 2020 дар ноҳияи Хуросон баргузор гардида буд, ба Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон аз надоштани барқ шикоят кард.

-Солҳо боз аз бебарқӣ ба идораҳои дахлдор шикоят мекунем, аммо, мутаассифона, мушкили мо то ҳол ҳал нашудааст, — гуфт ӯ.—То деҳаи мо тамоман хати барқ кашида нашудааст. Саргардонем!…                   

Ин мушкили мардумро Раҳматулло Сафарзода, раиси ноҳияи Хуросон низ тасдиқ карда, иттилоъ дод, ки деҳаи мазкур на ду-се даҳсола, балки аз ним аср бештар бе барқ аст.

Қурбон Ҳакимзода масъулони ноҳияро муваззаф кард, ки то аввали моҳи июни соли равон ба ин деҳа хати барқ бикашанд.                    

Аммо то ҳол ин мушкили мардум бартараф нашудааст. Сабаби то ҳол кашида нашудани хати барқ ба деҳаи Кучимро Маҳмадшариф Мирзоев, сардори  Шабакаҳои барқии Хуросон чунин шарҳ дод. “Бо таҷдиди шоҳроҳи Душанбе-Бохтар дар маркази маъмурии ноҳия насби симчӯбҳои нав ба нақша гирифта шудааст. Мо ният дорем, ки симчӯбҳои кандашудаи маркази ноҳияро дар кашидани хати барқ ба деҳаи Кучим истифода кунем. Аммо бо сабаби паҳн шудани коронавирус кори ширкати роҳсозӣ каме қафо задааст. Ҳоло кашидани хати нави барқро ба моҳи сентябр гузоштаанд. Агар дар вақти гуфтаашон хати нави барқро бикашанд, симчӯбҳои куҳнаро дар деҳаи Кучим истифода мекунем ва ба ҳамин мушкили чандсолаи мардуми ин деҳа бартараф мешавад”.

Раиси ҷамоати деҳоти “Ғалаобод”-и ноҳияи Хуросон дар суҳбат гуфт, то ҳол ба деҳаи Кучим хати барқ кашида нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки мувофиқи супориши раиси вилоят то якуми июни соли ҷорӣ бояд ба ин деҳа хати барқ кашида мешуд. Ӯ мегӯяд, мардум омодаанд, ки дар кашидани хати барқ ба масъулин кумак кунанд. Ин масъала дар маҷлисҳои раиси ноҳия низ баррасӣ карда шуд. Чанд маротибаи дигар ба назди масъулини шабакаҳои барқ рафтам, то супориш иҷро шавад. Аз идораи барқ гуфтанд, ки ҳоло барои кандани симчӯбҳои маркази ноҳия иҷозат нашудааст.                     

—Хати барқ бояд аз деҳаи Челон ба деҳаи Кучим кашида шавад. Дурии роҳ байни ин ду деҳа ду-се километрро ташкил медиҳад. Деҳаи Кучим беш аз 30 хоҷагӣ дорад. Ин деҳа аз маркази ноҳия 7 километр дуртар ҷойгир аст. Дар замони шӯравии собиқ симчӯбҳо насб гардида буданд. Аммо хати барқ накашида буд, ки нооромиҳо оғоз шуда, ҳамаро дуздида бурданд. Мо талош дорем, то моҳи сентябр  соли равон мушкили чандсолаи мардуми деҳаи Кучим бартараф шавад, — гуфт ӯ.

Раҳматулло Сафарзода, раиси ноҳияи Хуросон дар суҳбати телефонӣ гуфт, дар ҳақиқат мо вазифадор будем, ки то якуми июни соли равон ба деҳаи Кучим хати барқ мекашидем, вале ба гуфти раис паҳн шудани бемории коронавирус монеъи иҷрои супориш шудааст. 

Хушбахтона, чанд сол аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудияти қувваи барқ пурра бардошта шуд. Вале, ҳанӯз деҳаҳое ҳастанд, ки тамоман бо хати барқ пайваст нестанд ва сокинонаш бо мушкили зиндагӣ мекунанд. Беш аз ним аср аст, ки мардуми деҳаи Кучим чунин мушкилӣ доранд. Шояд поёни шаби ҳанӯз сиёҳи мардуми деҳаи Кучими ноҳияи Хуросон сафед аст? 

Машраби Аловиддин,

“Тоҷикистон”

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.