12- рӯз ҳабси «эътирозгарон»-и Ванҷ

Додгоҳи ноҳияи Ванҷ шаш тан аз сокинони ин ноҳияро барои эътироз назди бинои ШКД-и ин ноҳия аз 10 то 12 рӯз ҳабс кард. Додгоҳ Дидор Музофиров, Сорбон Сабзқадамов, Муҳаммад Фаёзов, Мақсад Бердиев, Насиб Муҳаббатов ва Шерафган Сафаров, сокинони ин ноҳияро барои “вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ” гунаҳкор донистааст. Як манбаъ аз додгоҳи вилояти Бадахшон рӯзи 16-уми август  гуфтааст, ки парвандаи ин ҷавонон бар асоси моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, яъне“майдаавбошӣ” баррасӣ шуд.

Барои вайрон кардани ин банди қонун ба андозаи то 500 сомонӣ ҷарима ё аз панҷ то понздаҳ рӯзи ҳабс дар назар дошта шудааст. Ин ҷавонон рӯзи 8 август назди бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ин ноҳия барои раҳоии чор гумонбар дар узвият ба ҷараёни мамнӯи «Салафия»даст ба эътироз зада буданд. Як рӯз пас пулис онҳоро боздошт кард.

Мақомот ин ҷавононро дар таҳрики сокинон барои гирди ҳам омадан назди бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ванҷ ва вайрон карданитартиботи ҷамъиятӣ муттаҳам мекунанд.

Кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ванҷ рӯзи 7 август бародарон — Исмодддин ва Низомиддин Абдулмунтазировҳо, сокинони деҳаи Ҷангали Зугова ва Фаррухрӯз Мазорбунову Орзу Иматов — сокинони деҳаи Бовуди ноҳияиВанҷро боздошт карданд. Пас аз эътирози ҷавонон Орзу ва Фаррухрӯз озод шуд, вале мақомот нисбат ба Абдулмунтазировҳо бо гумони узвият дар созмони мамнӯи салафия парванда боз кардаанд. Ҳоло ин бародарон дар боздоштгоҳи Хоруғ нигаҳдорӣ мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *