12 Сентябр рӯзи таҷлили иди Қурбон

Сокинони мусулмони Тоҷикистон иди имсолаи қурбонро рӯзи 12-уми сентябр таҷлил хоҳанд кард. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раҳбари Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, рӯзи 29-уми август  гуфт, ин сана бар асоси ҳисоб ва мушоҳидаҳои пешакии олимон таъин шудааст.

Вай инчунин афзуд, «ин хулосаро мо дар асоси ҳисобҳо бар асоси солшумории қамарӣ ва дар ҳамкорӣ бо Институти астрофизика гирифтем. Институти астрофизика ба мо маълумот пешниҳод кард, ки моҳ кай пурра мешавад, кай бо пурбину кай бо чашми сар озодона онро дидан мумкин аст.»

Аммо, ба қавли муфтии Тоҷикистон, дар назар аст, ки рӯзи 5-уми сентябр ҷаласаи Шӯрои уламо баргузор шавад ва дар онҷо рӯзи дақиқи Иди Қурбонро эълон хоҳанд кард. Иди Қурбон, яке аз ду иди мусулмонон аст, ки дар Тоҷикистон ба таври хос таҷлил мешавад. Дар ин рӯз дар Тоҷикистон расман истироҳат эълон шудааст ва сокинон ба таври дастҷамъӣ аз ин ид истиқбол карда ва афроди тавоно қурбонӣ хоҳанд кард.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *