Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

 1221 нафар квотаи президентӣ гирифтанд

 

Мувофиқи нишондодҳои нақшаи қабули духтарон ва писарон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2016-2017 1221 ҷой ҷудо гардидааст. 
Аз ҷумла, барои духтарон 625 ҷой ва барои писарон 596 ҷой ҷудо шудааст. Барои вилоятҳои Хатлон 497 ҷой,   Суғд 302 ҷой, Бадахшон 152 ҷой   ва барои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 270 ҷой ва ҳамчунин 200 ҷойи иловагӣ ба ихтисоси кори табобатии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўали ибни Сино ҷудо гардид.
Бо мақсади муайян намудани фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва ҷамъиятии донишҷўёне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул шудаанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе санҷиш гузаронида шуд.
Санҷиш нишон дод, ки тайи се соли охир ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3698 нафар, аз ҷумла 1915 духтар ва 1783 писар аз 61 шаҳру ноҳияи кишвар тибқи суҳбат (беимтиҳон) ба ихтисосҳои соҳаҳои омўзгорӣ, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, техникию технологӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ дохил гардиданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.