Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

134 000 сомонӣ- Стипендияи Аҳмадзода ба муҳассилини Суғд

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба 130 нафар донишҷӯёну магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят дар маҷмуъ, ба маблағи 134 ҳазору 500 сомонӣ стипендия супорид.

Тавре маркази матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод, барандаҳои стипендия аз ҷониби комиссия интихоб ва пешбарӣ мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар миқёси вилоят алҳол 7 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият доранд, ки дар ин муассисаҳо аз рӯи 130 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад.

Дар соли хониши 2020-2021 шумораи умумии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят дар маҷмӯъ беш аз 69 ҳазору 642 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, зикр шуд, ки дар ҳудуди вилоят имрӯз 1267 нафар магистрант ва 82 нафар аспирантон ба таҳсилу таҳқиқ машғуланд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.