Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шаҳрванди 25 солаи тоҷик дар рӯихати сиёҳи Амрико…

Фаррух Файзиматов, машҳур бо лақаби “Форуқ Шомӣ”, шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон, таҳти таҳрими Иёлоти Муттаҳида қарор гирифт.

Вазорати молияи Амрико рӯзи 28-уми июл ӯро бо гумони ёрӣ ба созмони террористии “Ал-Қоида” ва ҷалби одамон ба сафи гурӯҳҳои тундрав дар Сурия ба феҳрасти “сиёҳ” ворид кард. Пештар номи ӯ дар рӯйхати “шахсони алоқаманд ба терроризм”-и Бонки Миллии Тоҷикистон дарҷ шуда буд.
Ба иттилои мақомоти Амрико, Фаррух Файзиматов дар ҳайати созмони тундрави “Ҳайату Таҳрир аш-Шом” дар Сурия аст ва ба “Ал-Қоида” ёрии моливу техникӣ мекунад.

Бино ба маълумоте, ки Радиои Озодӣ дастрас намуд Фаррух Файзиматов зодаи шаҳри Исфараи вилояти Суғд аст ва “соли 2016 ба Сурия рафтааст”.
Як масъули Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Исфара рӯзи 29-уми июл бо ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз аз соли 2016 нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 401-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “ҷалб, таълим, кумаки молӣ ба зархаридон ва ширкат дар ҷангҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ” парванда боз шуда буд. Ин модда дар Тоҷикистон аз панҷ то 20 сол ҷазо пешбинӣ мекунад.
“Бар асоси иттилои дарёфтии мо, ҳоло ӯ дар Идлиб қарор дорад ва бо хонаводааш дар тамос аст. Талошҳои мо барои баргардонидани натиҷа надод”, — гуфт ин масъули Шӯъбаи корҳои дохилии Исфара.
Фаррух Файзиматов дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол аст ва аз саҳнаҳои ҷангу харобӣ дар Идлиби Сурия навор нашр карда, ҷавононро барои ширкат дар ҷанг даъват мекунад. Аксар наворҳои ӯ ва мусоҳибаҳои таблиғотиаш бо ҷангҷӯён бо забони русӣ аст.

Вай дар як паёми хаттӣ гуфт, дар бораи таҳти таҳрими Амрико қарор гирифтанаш шаби 28-уми июл хабардор шуд. Файзиматов худро “журналист ва блогере номид”, ки “аз харобкориҳои ҳукумати Башор Асад ва Русия дар Идлиб навор таҳия мекунад.” Ва тасдиқ кард, ки дар Ҳайату Таҳрир аш-Шом” қарор дорад, аммо гуфт, ба “Ал-Қоида” робита надорад.
Номи “Форуқ Шомӣ” моҳи марти имсол дар матбуоти Фаронса дар робита ба қатли Самуэл Патти, омӯзгоре, ки аз

Абдулло Анзоров, як ҷавони чечен кушта шуда буд, расонаӣ шуд.
Нашрияи фаронсавии Le Parisien (“Паризен”) навишта буд, ки Анзоров пас аз куштани Самуэл Пати, омӯзгори таърих, ки ба хонандагон карикатураҳои паёмбари Исломро нишон дод, ба Форуқи Шомӣ ном шахсе тавассути Инстаграм паём фиристодааст. Онҳо дар ин шабака дар бораи масоили динӣ бо ҳам мукотиба доштаанд. Фаррух Файзиматов тасдиқ кард, ки воқеан бо Абдулло Анзоров тамос дошт.

Номи ӯ дар феҳрасти сиёҳи Бонки Миллии Тоҷикистон низ ҳаст. Ин рӯйхат бори аввал соли 2017 таҳия шуда, ҳар сол сафи “афроди алоқаманд ба терроризм” дар он меафзояд. Дар феҳрасте, ки соли 2020 эълон шуд, номи 2647 касро навиштаанд. Моҳи октябри соли 2019 дар онҷо номи 2392 нафар дарҷ шуда буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.