Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

14 паканаи театр дар кӯча ҳайрон (Видео)

“Афсона” ягона театри бачагонаест, ки аз 5 апрели соли 1991 арзи ҳастӣ дорад ва дар он танҳо ҳунармандони кӯтоҳқомат фаъолият мекунанд. Аммо дар 28 соли фаъолият ин театр то ба ҳол ҷойи доимӣ надорад.

Санаи 13 апрели соли ҷорӣ дар мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони душвортарбия ҳунармандони театри бачагонаи “Афсона” намоишномаи “Зангулачаи сеҳрнок”-ро пешкаши толибилмони ин даргоҳ намуданд.

Бояд зикр намуд, ки “Афсона” ягона театри бачагонаест, ки аз 5 апрели соли 1991 арзи ҳастӣ дорад ва дар он танҳо ҳунармандони кӯтоҳқомат фаъолият мекунанд.

Сарварии ин театрро Бегмуҳаммад Асомиддинов ба уҳда дорад. Намоишномаи “Зангулачаи сеҳрнок” мақбули аҳли нишаст ва омӯзгорон гардид. Дар фарҷом устод Бегмуҳаммад барои толибилмон ҳунари соҳирӣ ва бозиҳои сеҳрнокро нишон дод.

Дар 28 соли фаъолият ин театр то ба ҳол ҷойи доимӣ надорад. Дар театри “Афсона” 14 нафар ҳунармандони кӯтоҳқомат (паканаҳо, ки ҳамаашон маъюби гурӯҳи I-уманд) фаъолият доранд. Тавре Бегмуҳаммад Асомиддинов гуфт, айни ҳол дар боғи “Хайём” меистанд ва рӯзҳои наздик ба амфитеатри боғи “Фирдавсӣ” мекӯчанд.

Бахтовар САФАРОВ

Ширин ТОҲИРӢ

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.