14 санади ба имзо раидаи СААД

Дар маҷмуъ раисҷумҳурони кишварҳои СААД 14 санадро ба имзо расонданд

Дар поёни нишасти СААД дар пойтахти Тоҷикистон чанд санаде ба имзо расид, ки аксарои онҳо ба вазъи Афғонистон вобастаанд.

Ҳуҷҷати асосии имзошуда эъломияест, ки нигаронии ҷиддии кишварҳои узвро дар бораи вуҷуди таҳдиди ҷиддӣ ба амният ва соҳибихтиёрии давлатҳои СААД аз Афғонистонро мунъакис карда, бар азму иродаи қавӣ барои таҳкими амнияти байналмилалӣ ва минтақаӣ таъкид мекунад.

Ҳамчунин  раҳбарони СААД Созишнома дар бораи салоҳият ва кумаки ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои марбут ба ҳузури муваққатии нерӯҳо ва воситаҳои амнияти дастаҷамъӣ дар қаламрави кишварҳои узви СААД-ро имзо карданд.

Ҳамзамон ҳуҷҷатҳои зерин низ дар нишастҳои ин созмон ба имзо расиданд:

  • Созишнома дар бораи таъмини муштараки моддию техникӣ ва пизишкии нерӯҳо (қувваҳои мусаллаҳи дастаҷамъӣ)-и СААД;
  • Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи фаъолияти сулҳҷӯёнаи СААД аз 6 октябри 2007;
  • Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД «Дар бораи иқдомоти марбут ба 30 -солагии имзои шартномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20 -умин солгарди СААД»;
  • Қарор «Дар бораи нақшаи муҷаҳҳазсозии дастаҳои вокуниши сареъ бо аслиҳаи муосир, техникаи махсуси ҳарбӣ ва воситаҳои махсус»;
  • Қарор «Дар бораи нақшаи шабакаи боэътимоди иртиботии бисёрҷонибаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ»;
  • Қарор «Дар бораи намояндаи махсуси Дабири кулли СААД вобаста ба масъалаҳои ҳифзи сулҳ»;
  • Қарор «Дар бораи раиси Комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои ҳарбӣ-иқтисодии созмон»;
  • Қарор «Дар бораи сардори Ситоди муштараки СААД» (раҳбарони СААД ваколати сардори Ситоди муштараки СААД Анатолий Сидоровро барои се сол тамдид карданд);
  • Қарор «Дар бораи ҳайати ҳарбӣ ва сохторҳои махсуси нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареи СААД»;
  • Қарор «Дар бораи ҳисобот дар бораи иҷрои буҷети СААД дар соли 2020»;
  • Қарор «Дар бораи буҷети СААД барои соли 2022»;
  • Қарор «Дар бораи раёсати созмон, вақт ва макони ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *