140 мошин маҳсулот –ёрмандии Президент ба сокинони Суғд

Аз шаҳри Душанбе ба вилояти Суғд 140 мошин маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили орду равған ва доруворӣ равон гардид. Ин кумак бо супориши Президенти кишвар сурат гирифтаааст. Кумаки моддӣ- 140 адад мошини пурбор бо 900 тонна маводи озуқа ва доруворӣ, дар умум ба маблағи 6,5 миллион сомонӣ ба маркази вилоят фиристода шудааст.

Тавре Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, кумаки зикршуда табибон ва тамоми беморони ба короновирус мубталошудаи шаҳру навоҳии вилоятро фаро гирифта, ба ҳамаи онҳо маводи озуқаворӣ, аз қабили орд, биринҷ, равған, шакар, картошка, сабзӣ, пиёз ва маводи зарурии доруворӣ тақсим мегардад.

Илова бар ин ба табибони беморхонаҳои миқёси вилоят сару либоси тиббӣ, ниқоб, дастпӯшак, асбоби муҳофизатӣ, маводи безараргардонии антисептикӣ ва дигар воситаҳои техникии тиббӣ кумак карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *