15 сол ҳукми зиндон ба иҷрокунандаи нақши Меҳрубон

Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба Беҳрӯзи Саид, ҳунарманди 25-солаи тоҷик, ки дар 7-солагиаш бо иҷрои нақши Меҳрубон дар филми «Дар орзуи падар» машҳур буд, 15 соли зиндон таъин кард. Дар ин бора «Озодӣ» хабар медиҳад.

 Бино ба иттилои манбаъ, Агентии мубориза бо коррупсия гуфтааст, ки Беҳрӯзи Саид  «худро ёвари Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари Президенти  Тоҷикистон  муаррифӣ карда, аз ду соҳибкоре, ки аз дӯсти ӯ қарздор буданд, талаби фавран бозпас додани беш аз 100 ҳазор долларро кардааст.»  Аммо як дӯсти ин хонавода гуфтааст, «аз соддагии Беҳрӯз сӯистифода кардаанд, дар асл ӯ гуноҳ надорад.”

Бояд гуфт, ки Силсилафилми «Дар орзуи падар»-ро падари Беҳрӯз  Саидҷон Қодирӣ дар пояи асари Кароматулло Мирзоев ба навор гирифта буд ва ин силсилафилм яке аз нахустин силсилафилмҳои даврони истиқлол буда, ки дар оғози солҳои 2000-ум аз филмҳои пуртамошобин дар Тоҷикистон маҳсуб меёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *