Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

1500 доллар маош барои ҳамшираҳо дар Ӯзбекистон

Вобаста ба вазъи мавҷуда бо COVID-19, дар як клиникаи нави ноҳияи Зангиата вилояти Тошканди  Ӯзбекистон барои ҷалби фаврии ҳамшираҳо 1500 доллари маош таъин гардид.

Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ Ӯзбекистон ҷадвали кори ҳамшираҳо 14 рӯз аст ва маош 15 миллион сӯм (1468 доллар) мебошад. Гуфта мешавад, ки аз сабаби афзоиши бесобиқаи гирифторони COVID-19 дар ин кишвар, норасоии табибон аз ҷумла ҳамшираҳи шафқат эҳсос мешавад.

Тибқи маълумоти охирин, дар Ӯзбекистон 16 752 ҳолати коронавирус ба қайд гирифта шудааст ва дар ҳоли ҳозир 7386 нафари онҳо табобатро идома медиҳанд

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.