1500 донишҷӯ пушти марзҳои баста монаданд

Бо сабаби ба ҳамагон маълум донишҷӯёни тоҷике, ки дар макотиби олии давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, наметавонанд ба таълимгоҳҳои худ раванд. Ин мавзӯъ ҳоло дар сархати хабарҳои ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ қарор дорад. 

Донишҷӯён: барқ ва интернет нест

Аз расонаҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот гирифтан мумкин аст, ки ҷавонони тоҷик, ки барои таҳсил дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷа қабул шуда, бо хурӯҷи коронавирус натавонистанд ба дарсҳо ҳозир шаванд, аз шароити анҷоми дарсҳои фосилавӣ дар кишвар, нигаронӣ доранд. Суръати пасти интернет, нархи гарони он ва қатъи неруи барқ аз мушкилоти мавҷуда гуфта мешаванд. Ҳарчанд мақомот мегӯянд, суръати интернет дар кишвар беҳтар шудааст ва маҳдудияти неруи барқ ҳам ҷорӣ нашудааст.

Ин ҳама аз он пайдо шуд, ки ҳафтаи гузашта як гурӯҳи бештар аз 20-нафараи донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, ҳам ба назди Сафорати Русия дар Тоҷикистон ва ҳам ба назди Вазорати корҳои хориҷӣ рафтанд ва талаб кардаанд, ки масъулин мушкилашонро ҳал кунанд.

Дар мавриди мушкилоти таҳсили фосилавӣ яке аз донишҷӯе, ки дар он гурӯҳи 20 — нафара буд, чунин гуфтааст: «Ман дар курси тайёрӣ дар Донишгоҳи Хабаровск мехонам. Дарсҳои онлайнӣ барои ман мувофиқ нест.  Бо тариқи Zoom таҳсил мекунем, дар як соат 2 Гб интернет сарф мешавад. Тасаввур кунед, дар як соат 40 сомонӣ дар 4 соат 160 сомонӣ ҳар рӯз ба ман даркор аст, ки барои омӯзиш истифода кунем. Аммо ин миқдор пул барои таҳсили онлайнӣ» надорам.

Аммо Таҳсин Сафаров низ яке аз ҷавонони тоҷике, ки ҳоло донишҷӯи соли чоруми курси чоруми Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Синзияни кишвари Чин мебошад ва бо сабаби басташавии марзҳо дар Ватан мондааст мегӯяд: “Барои ман таҳсили фосилавӣ беҳтар аст. Ман барои ду моҳ 4 гигабайт мегираму дарс мехонам. Дарсҳои онлайниямон хубанд ва шикояте нест.”

Вазорат: 1500 донишҷӯ пушти марзҳои баста

Дар бобати масъалаи мавҷуда мо суҳбати кӯтоҳе бо Илҳом Камолзода, сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доштем.

Ӯ гуфт, ки тибқи маълумоти дар дастдошта ҳоло ҳудуди 1500 нафар донишҷӯёне, ки муҳассили макотиби олии кишварҳои хориҷӣ ҳастанд, дар ҷумҳурӣ қарор доранд.

Мувофиқи маълумоти Илҳом Камолзода, шумораи зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон дар макотиби олии Федератсияи Русия таҳсил мекунанд, ки теъдодашон 1438 нафарро ташкил медиҳад. Боқимондаи донишҷӯён дар дигар кишварҳо таҳсил мекунанд.

Қаблан Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” барои донишҷӯёни тоҷик, ки дар мактабҳои олии Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, ду парвози чартерӣ ба шаҳри Минск ташкил кард.

Дар ин маврид Илҳом Камолзода гуфт, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мо зиёда аз 80 нафар донишҷӯёнеро, ки дар давлатҳои Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, ба воситаи парвозҳои махсус ба ин ду кишвар сафарбар намудем.

Гуфтан бамаврид аст, қисмати зиёди донишҷӯёни тоҷик бештар дар риштаҳои табиӣ-риёзӣ ва техникиву технологӣ таҳсил мекунанд.

Ваъдаи вазир

Муҳаммадюсуф Имомзода вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо донишҷӯён тоҷике, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанду ба далели ҳамагирии коронавирус ва баста будани марзҳо ба ин кишвар рафта наметавонанд, ваъда дод, ки то кушода шудани роҳ онҳо метавонад дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил намоянд.

Намояндаҳои  “Россотрудничество” дар Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати  маориф ва илм иштирок доштанд.

Яке аз ин донишҷӯёни дар мулоқот ҳузурдошта мегӯяд: “Ба мо — донишҷӯён гуфтанд, ҳуҷҷатҳоятонро гирифта биёед, ман рӯзи шанбе соати 8 шуморо қабул намуда, он ихтисосҳое шумо таҳсил мекунед, ба донишгоҳҳо тақсим мешавед. Ҳамчунин, он ихтисосҳое, ки дар кишвар нест, аммо дар Русия ҳаст, мо ба тахасуси наздик ба ин ихтисос шуморо ҷой мекунем”.

Ҳамчунин, дар вохӯрии мазкур роҳбари “Россотрудничество” дар Тоҷикистон Иван Иванов гуфтааст, ки вазъ дар Русия чандон хуб нест, аз ҳамин сабаб донишгоҳои Русия то 6-уми феврал бастаанд ва донишҷӯён фосилавӣ таҳсил мекунанд.

Вазорати корҳои хориҷӣ чӣ мегӯяд?

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки масъалаи идомаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Федератсияи Русия бо мақомоти марбутаи он кишвар мавриди баррасии доимӣ қарор дорад.

Дар ҷавоб ба ёддошти Вазорати корҳои хориҷӣ аз 27 октябри 2020 дар бораи танзими сафари донишҷӯён ба Русия, Сафорати Русия дар Душанбе қайд намуд, ки вуруди донишҷӯёни хориҷӣ ба Федератсияи Русия пас аз қабули қарори умумӣ дар бораи иҷозати вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия, бо дарназардошти вазъи беҳдоштию эпидемиологӣ дар шароити ҳамагирии коронавируси нав, имконпазир хоҳад шуд.

Ҳамчунин, дар ёддошти ҷавобӣ таъкид шудааст, ки барои донишҷӯёни хориҷие, ки ҳоло берун аз Русия қарор доранд, барномаҳои таълимӣ дар шакли маҷозӣ (фосилавӣ) татбиқ шуда истодаанд.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *