Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мулоқоти Аслов дар Ереван бо Серж Саргсян

Сирҷиддин Аслов, Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Серж Саргсян дар Ераван дидор кард.

Дар ин мулоқот вазири хориҷаи Тоҷикистон гуфт, кишвараш барои ҳалли моҷарои Қарабоғи Кӯҳӣ бо роҳи сулҳомез ҳавасмандааст: «дар масъалаи низои Қарабоғ Тоҷикистон дар мавқеаш устувор аст. Ин низоъ бояд танҳо бо роҳи мусолиматомез ҳал шавад.»

Вай дар мулоқот бо расиҷумҳури Арманистон Серж Саргсян ва Вазири умури хориҷаи ин кишвар Эдвард Налбандян бар ин нукта таъкид кардааст, ки ба эътидол омадани вазият дар минтақаи маврди баҳси дуҷониб яке аз масъалаҳои муҳим барои ҳама кишварҳо аст:“Мо манфиатдорем, ки ба ташаннуҷи авзоъ ва табдил ёфтани он ба амалиётҳои калони ҷангӣ, роҳ дода нашавад.»- таъкид мекунад, вазир.

Бояд гуфт, минтақаи баҳсноки Қарабоғи Кӯҳӣ аз солҳои 90-уми асри гузашто то инҷониб ба низоъҳои доманадор гирифтор аст.

Кишвари Арманистон ҳамчун кишвари узви СПАД ҳоло роҳбари ин паймонро бар ӯҳда дорад ва Аслов ба Арманистон барои дастгирии Тоҷикистон дар амри расонидани кӯмакҳои техникиву низомӣ дар тақвияти нерӯҳои марзии Тоҷикистон изҳори минатдорӣ баён кардааст. Аслов гуфт, барои Тоҷикистон ин кӯмакҳои низомӣ дар пасманзари бад шудани авзои амниятӣ дар Афғонистон хеле муҳиманд.

Зимнан, имрӯз 3-уми июл Сироҷиддин Аслов дар ҷаласаи навбатии СПАД, ки дар шаҳри Ереван пойтахти Арманистон баргузор мешавад ширкат хоҳад кард.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.