Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

18 ҳолати нав: вазорат омори нави коронавирусро нашр кард

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар як шабонарӯзи охир 18 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз коронавирус сироят ёфтаанд.

Бояд гуфт, ки пас аз пайдо шудани сару садоҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ билохира рӯзи 21 июн  Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии  коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷой доштани ҳолатҳои сироятёбии шаҳрвандони мамлакат ба бемории коронавирус иттилоъ дод.

Дар маҷмӯъ, аз 30 апрели соли 2020 то 29 июни соли 2021 дар кишвар 13 478 нафар гирифторони сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13284 нафар (98,6%) шифо ёфтаанд ва бар асари бемории мазкур 90 нафар фавтидаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.