196 миллион доллар барои навсозии неругоҳи Қайроққум

Дар шимоли Тоҷикистон корҳои навсозии неругоҳи барқи обии Қайроққум бо сармояи 196 миллион доллари Бонки таҷдид ва тараққиёти Аврупо (БТТА) шурӯъ шудааст.

Ба гуфтаи Елена Ахмедова, сухангӯи БТТА, неругоҳи Қайроққум 60 соле қабл мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта ва пас аз анҷоми навсозии агрегатҳои он тавлиди барқ дар неругоҳ аз 126 МВт то 174 МВт афзоиш хоҳад ёфт.

Феълан неругоҳи Қайроққум беш аз ним миллион нафар аз сокинони кишварро бо неруи барқ таъмин мекунад.

Бонки таҷдид ва тараққиёти Аврупо то ҳол дар бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон ба миқдори 670 миллион евро сармоя ворид кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *