Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

20 ҳазор тест: Кӯмаки Русия ба Тоҷикистон

Ҷониби Русия ба Тоҷикистон барои муайян намудани коронавирус 20 ҳазор тестҳои оҷилӣ ҷудо кардааст.

Ин кӯмак 25 марти соли равон аз тарафи Хадамоти федералии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Русия-Роспотребнадзор ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон расонида шуд. Дар ин бора Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба «Pressa.tj» хабар дод.

Гуфта мешавад, ин ёрмандӣ дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия амалӣ гардидааст. Зимнан Бибихонум Дарвешзода иброз дошт, ки то ҳол дар Тоҷикистон ҳолати гирифторшавӣ ба бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Он таҳти назорати ситоди доииамалкунандаи вазорати тандурусӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода мебошад. Ба гуфтаи номбурда, 26 марти соли равон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Саида Умарзода ҷаласаи навбатии ситоди вазорат оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва ҷиҳати боз ҳам андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти мазкур ба мамлакат баргузор гардид. “Дар ҷаласа муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, роҳбарон ва сардорони як қатор муассиса ва раёсатҳои тандурустӣ иштирок намуданд. Дар ҷаласаи навбатии ситоди вазорат масъалаҳои омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба ҳолати эҳтимолии хуруҷи коронавирус, аз ҷумла бистарӣ ва табобат намудани сироятёфтагон, дар ҳолатҳои ба қайд гирифтани сирояти мазкур таъмини шӯъбаҳои эҳё бо таҷҳизоти зарурӣ, муносибат бо нафарони сироятёфта, таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо мавод ва таҷҳизот барои пешгирии коронавирус, баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисони тиб дар ҳолати карантин эълон намудан дар миқёси ҷумҳурӣ, саҳми табибони оилавӣ дар ин ҳолат ва дигар масъалаҳои вобаста мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”-гуфт Дарвешзода.

Саида Умарзода супориш додааст, ки дар ҳолати эълон гардидани карантин дар ҷумҳурӣ бояд гурӯҳи валантиёрон таъсис дода шуда, дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бигузоранд. Барои таъсиси гурӯҳи валантиёрон ва сафарбар намудани онҳо барои гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ марказҳои тарзи ташаккули ҳаёти солим ва матбуоти вазорат муваззаф гардиданд.

-->

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. максуд 27.03.2020 20:17

    Интернет худаш ин як валантиер охи хозир давраи шурави нест ки валантиер ба кор биерад бачои валантиер барои духтурон тачхизоти лозимия тамин кунед

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.