Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

20 ҳазор cокини Ӯзбекистон аз «Аҳмадбой» шикоят карданд

Дар Ӯзбекистон бештари муштариёни Аҳмад Турсунбоевро ба шӯъбаҳои корҳои дохилӣ даъват намуда, онҳоро маҷбур доранд,ки зидди ин соҳибкор баёнот дода, забонхат нависанд, ки аз маҳали зисти худ берун нахоҳанд рафт.

Ба иттилои манбаи бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ, барои таҳқиқи парвандаи Аҳмадбой, ки ҳаҷмаш бузург аст, аз ноҳияи дигари Тошканд муфаттишон ҷалб шудаанд.

Шабакаҳои телевизиони Ӯзбекистон рӯзи 16 июн гуфтанд, аз манзили Аҳмадбой 7,9 миллион доллари амрикоӣ ва ҷузвдонҳои пур аз тило пайдо кардаанд.

То ҳоло беш аз 20 ҳазор кас зидди Аҳмадбой ариза навиштааст.

Ёдрас мешавем, 15 июн як гуруҳи ниқобпӯш ба коргоҳои Аҳмад Турсунбоев, соҳибкори 38-солаи ноҳияи Чинози Ӯзбекистон , маъруф бо номи «Аҳмадбой» ҳамла карданд. Худи соҳиб кор ҳам он замон боздошт шуд.

Ширкати «Чиноз Авто Ҳамкор»-и Аҳмадбой аз одамон пул гирифта, ваъда мекардааст, ки ҳамасола то 100% даромад мепардозад. Ҳоло ин соҳибкор ба чандин ҷиноят, аз ҷумла қаллобӣ ва тамаъҷӯӣ айбдор мешавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.