20 шоҳмотбози беҳтарини Тоҷикистон аз назари ФИДЕ

Федератсияи байналмилалии шоҳмот (FIDE) даҳгонаи мардону занони шоҳмотбози беҳтарини кишварҳои дунё – аз ҷумла Тоҷикистонро эълон кард. Бар асоси он гроссмейстер Фаррух Амонатов дар садри дастаи мардони шоҳмотбози Тоҷикистон ҷой гирифтааст. Баъд аз ӯ Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Икром Иброҳимов, Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев, Муҳаммад Собиров, Суҳроб Ҳамдамов, Амин Қобилов, Алишер Каримов, Андрей Онишенко ва Олуча Ҷумев қарор доранд.
Ба даҳгонаи беҳтарин занони шоҳмотбоз бошад, нахуст Марворӣ Насриддинзода ва минбаъд Надежда Антонова, Саодат Одинаева, Мутриба Ҳотамӣ, Лидия Антонова, Сарвиноз Каримова, Зебо Улуғхоҷаева, Меҳрона Искандарова, Салбия Шерхонова ва Марям Илҳомзода шомил гаштаанд.
Миёни дастаҳои мунтахаби кишварҳои ҷаҳон дар аввал Русия, сипас ИМА, Чин, Украина ва Ҳиндустон ҷой гирифтаанд.
Федератсияи байналмилалии шоҳмот 179 дастаи мунтахаби кишварҳои ҷаҳонро раддабандӣ карда, ба дастаҳои мардони шоҳмотбози Тоҷикистон ҷои 93-юм ва шоҳмотбоззанони тоҷик мақоми 94-умро арзанда донистааст.

Э. НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *