20 сол аз худаш калонро лату кӯб кард

Як марди 53-солаи сокини шаҳри Душанбе бо ариза ба ШКВД-1 дар ноҳияи Сино муроҷиат намудааст, ки рӯзи 4-уми августи соли 2021, тахминан соати 14:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Гипроземи пойтахт қарор доштанаш, марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бе ягон асос ӯро лату кӯб намудааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонии дараҷаи вазнин ба саломатиаш бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *