Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Таркиш дар Бохтар

Вазорати корҳои  дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар пайи вайрон намудани қоидаҳои холӣ кардани газ дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ноҳияи Бохтар мошини газкаши “Дулан” таркидааст ва  1 нафар мурдаю 17 нафар маҷруҳ шудаанд.

Ин  ҳодиса соати 15:58 дақиқаи 9-уми июл дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории гази моеъ дар роҳи Қӯрғонтеппа-Сарбанд, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Бустонқалъаи ноҳияи Бохтар рух додааст.
Автомашинаи газкаши тамғаи «Дулан», ки ба шаҳрванд Мадбобоев Далер Раҳимович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омада, зарфи гази он таркидааст: “Сабаби сар задани сӯхтор вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми холӣ намудани гази моеъ аз нақлиёти газкаши «Дулан» ба зарфи нигоҳдории он дар нуқтаи сӯзишворӣ мебошад”.

Манбаъ мегӯяд, таркиш ва сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ки ба соҳибкор Ҳакимов Сайнуриддин Фатҳуллоевич, сокини 51-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тааллуқ дорад, хисороти зиёди моддӣ низ дар пай доштааст: “Зарари дақиқи ин сӯхтор муайян карда мешавад”.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.