3,5 миллион кӯдак ба бемории сил гирифтор аст

«Яке аз даҳ сабабҳои асосии марг дар ҷаҳон бемории сил мебошад. Ҳудуди 2 миллиард нафар сироятшуда, аз ин беморӣ азият мекашанд, ки хатари инкишофёби ба бемории мазкурро доранд».

«Яке аз даҳ сабабҳои асосии марг дар ҷаҳон бемории сил мебошад. Ҳудуди  2 миллиард нафар сироятшуда, аз ин беморӣ азият мекашанд, ки хатари инкишофёби ба бемории мазкурро доранд».

Бобоҷон Пирмаҳмадзода, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар як нишаст, ки аз тарафи ташкилоти байналмилалии башардӯстонаи тиббӣ Духтурон бидуни марз” баргузор гашт, баён намуд.

Номбурда ҳамчунин, афзуд, ки дарёфти шакли устуворгаштаи сил (ШУС) дар муқоиса ба соли 2017 зиёд гаштааст. Масалан дар соли 2017 агар 51 бемори ба қайд гирифта шуда бошад, дар соли 2018 ба 65 адад расидааст. Аз миёни 30 миллион гирифторшудагон, чор млн кӯдакони то 5 сола, 20 млн дигар кӯдакони алоқаманди сил  ва 6 млн нафарони аз ВНМО сироятдошта мебошад. Норасоии мутахассисони силшиноси кӯдакона яке аз мушиклии асосии соҳа мебошад.  

Себастиен Гай, намояндаи кишварии “Духтурони бидуни марз” дар Тоҷикистон (MSF) дар баромадаш қайд кард, ки новобаста аз мушкилотҳое, ки бо ташхис ва табобати бемории сил дар байни кӯдакон алоқамандӣ доранд, мо дар Тоҷикистон нишон додем, ки тавассути муносибати дар маркази диққат гузоштани бемор, тавассути доруҳои нав ва реҷаҳои табобатии нав ва такшил намудани усули фаъолона дарёфткунии беморон, дарёфт кардан ва табобат намудани бемории сил дар байни кӯдакон имконпазир мебошад.

Дар Тоҷикистон мо навгониҳоеро, аз қабили доруҳои нав ва реҷаҳои табобатии нав амалӣ намудем, чунки мо медонем ки ин усулҳо кор мекунанд ва натиҷа медиҳанд.

Умарзода Саида Ғайрат, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҷамъомад қайд кард, ки дар оилаҳое, ки кӯдакони бемории сил ҳаст, онҳо ба дастгирии мову шумо ва Бонки рушди ҷаҳонӣ ниёз доранд. Солимии кӯдакон солимии ҷомеаи мост.

Бемории сил яке аз бемориҳои сироятии аз ҳама марговартарин дар олам мебошад. Ба доруҳо устуворбудаи бемории сил, ки ба доруҳои маъмулии реҷаи табобати бемории сил устувор аст, хатари боз ҳам марговартареро ба бор меорад.

Дар сатҳи ҷаҳонӣ фақат 55 дарсади  беморони гирифтори шакли Бемории сили ба доруҳои сершумор устувор (БСДСУ/MDR TB) ба таври муваффақ табобат карда шудаанд. Дар соли 2017 дар саросари олам 1 миллион нафар кӯдакон ба бемории сил мубтало гаштанд ва 230 000 нафар кӯдакон аз ин беморӣ фавтиданд.

Маҳинаи Давлат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *