Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

3 бозӣ 1 бохт. “Истиқлол” аз “Ал-Ҳилол” шикаст хӯрд

21-уми апрел дастаи “Истиқлол” дар бозии севумаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 дар гурӯҳи «А» аз тими – “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ – бо ҳисоби 1:3 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ, дар Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Фаҳд шикаст хӯрд.

Ҳисобро дар ин дидор Алӣ Ҳодӣ Ал-Булайҳӣ, бозигари «Ал-Ҳилол”, дар дақиқаи 39-ум боз кард. Баъди ду дақиқа Ваҳдат Ханонов, бозигари «Истиқлол», ҳисобро баробар намуд – 1:1. Ҳаттан Баҳибрӣ аз бошгоҳи “Ал-Аҳлӣ” дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаҳои 52-юм ва 64-ум, ба дарвозаи “Истиқлол” ду гол зада, ба дастааш пирӯзӣ ва се имтиёз овард. Зимнан, Ҳаттан Баҳибрӣ беҳтарин бозигари ин дидор дониста шуд.

Гуфта мешавад, ки аз се бозии анҷомдодаи “Истиқлол” дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 ин бозӣ аввалин бохти он ба шумор меравад. Дастаи “Истиқлол” бозии даври аввалро дар гурӯҳи “А” бо бошгоҳи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай»-и Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби мусовӣ (0:0) анҷом дода, дар даври дувум бошгоҳи АГМК-и Узбекистонро бо ҳисоби 3:2 мағлуб карда буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.