3 нафар аз як оила: шахсияти ҳалокшудагони фоҷеаи Деваштич маълум шуд

Рӯзи 17 май бар асари лағжидан ва ба болои хонаҳо фурӯ рафтани як теппа дар деҳаи Дархони ҷамоати Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич 5 нафар ба ҳалокат расидаанд. Аз ситоди ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Деваштич ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки қурбониёни ин ҳодисаи табиӣ ду модар: яке 33 ва дигаре 23-сола ва се кӯдак, ки яке  яксола ва дуи дигар 10 ва 11-сола будаанд, мебошанд.

Гуфта мешавад, ки дар хонаи зери хок монда, соҳиби хона Мунаввара Тӯраева  ҳамроҳи фарзандонаш Асилмурод Эшонқулов ва Суннатулло Эшонқулов ва ҳамсояи онҳо Азиза Ҳасанова бо  кӯдаки яксолааш Абдузоҳир Ёқубзода ҷон бохтаанд.

Шарафҷон Азизов, муовини сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Деваштич гуфтааст, ки ҷасадҳоро нисфирӯзии 17-уми май аз зери хоку лойи теппа берун оварда ба пайвандонаш супориданд. Ӯ сабаби ин ҳодисаи табииро обёрии зиёди боғ ном бурд, ки дар натиҷа қабати замин нам кашида боис канда шудани теппаи хокӣ шудааст.

Қурбониёни ин ҳодисаро субҳи имрӯз дар оромгоҳи ҷамоати Исмоили Сомонии Деваштич ба хок супорида мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *